Ҷиҳати ободу зебо гардондани гирду атроф, тозаю озода нигоҳ доштани биноҳои муассисаҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва иҷрои супориши протоколи ҷаласаи назоратии назди  Раиси шаҳри Душанбе аз 8-августи соли 2022 , №19 ҷиҳати тақвият  бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт ва сазовор таҷлил намудани 31- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13-уми август дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шанбегии умумӣ гузаронда шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳамаи кормандони  муассисаҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии ободонӣ кормандони Марказ саҳми  босазо гузошта, ҷӯйборҳои обравро  тоза, бехи дарахтон  ва гулу гулбуттаҳоро нарм намуда, гирду атрофро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд.

Аҳли кормандони  Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла шанбегиҳо пайваста иштирок намуда, чунин иқдомҳои неку созандаро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоянд.