Рӯзи 05-июли соли 2022 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи VI ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” доир гардид.Дар кори Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Ширинбекзода
Садриддин–мудири шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, иштирок ва суханронӣ намуданд. Кори конференсияро Фарҳод Раҳимӣ-раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Хирадмандон” идома бахшида, аз фаъолияти кумита ҳисобот пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки Академия дар давраи ҳисоботӣ ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ҳисобот қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Хирадмандон” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва қарорҳои сохторҳои болоии ҳизб корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис аз ҷониби аъзоёни ҳизб Фарҳод Раҳимӣ аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид. Ҳамзамон муовини у ва як нафар вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ интихоб шуданд. Фаъолони ҳизбӣ дар музокира иштирок намуда, ҳисоботро мусбат арзёбӣ намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис раёсати кумита, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, муовин ва котиби он аз нав интихоб гардиданд. Оиди масъалаи дигари Конференсия вакилон барои иштирок дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардиданд.
Дар интиҳои Конференсия ба як қатор кормандон ва фаъолони ташкилот, аз ҷумла ба кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин барои фаъолияти пурсамар аъзои ташкилоти ибтидоии “Яхшинос” – и маркази омӯзиши пиряхҳо Сафаров Абдурасул бо ифтихорнома қадрдонӣ гардид.