“Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем,ки дастоварди бузурги таърихии халқамон Истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем”.

                                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН

                   Инак аз ба тасвиб расидани як санади таърихиву барои халқу кишвари мо басо ҳам тақдирсоз-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллї 25 соли расо сипарӣ мегарад. Созишномаи мазкур яке аз заминањои боэътимоди сиёсиву ҳуқуқї дар роҳи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб ёфта, қадами воќеї дар роҳи дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ буд. Мањз бо шарофати ана ҳамин санади сарнавиштсоз дар љумњурї ба муноқишаҳои дохилию муқовимати мусаллаҳона нуқта гузошта шуда, мо  тоҷикон рӯ ба эъмори ҷомеаи осоишта, ваҳдатбунёд ва корҳои созандагию бунёдкорона овардем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар кишвар таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва пойи қудуми мубораку ҷонбозиҳои зиёди Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба туфайли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, ҳамзамон аз баракати сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мафҳуми Ваҳдати миллӣ, вожаи гӯшнавози ваҳдат ва оштии миллӣ дар забони мардуми тоҷик хеле серистеъмол гардиданд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, инчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги тоҷик дар ин роҳ натиҷаҳои хуб ба бор омад ва ниҳоят дар таърихи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имзои чунин Созишнома таҷрибаи нодир ва ибратомӯзе дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ дар таърихи ҷомеаи инсонӣ буд.

Дар ин давра тамоми шоирону нависандагон ва кулли  эҷодкорону аҳли қалами кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқболамон ба ваҷд омада, дар ашъорашон ин мафҳуми рамзию муқаддасро хеле олӣ ва нишонрас мунъакис кардаанд. Аз ҷумла, яке аз аввалинҳо шуда дар арафаи ин рӯзи мубораку таърихӣ шоири ширинкаломи тоҷик, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ 27-уми июни соли 1997 зимни ҷамъомади дар назди майдони Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, дар ҳузури меъмору муаллиф ва ҳомии сулҳи тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо ашъори тозаэҷоди худ чунин баромад карда буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Аз ин рӯ, мо ҳама аз як гиребон сар бароварда, шукргузори ҳамин ахтари саъди тоҷикон, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон-Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бошем. Зеро ба шарофати роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла, гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд.

Татбиќи чањор њадафи стратегї – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  саноатикунонии босуръати кишвар, чорабиниҳо дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои гуногунмуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олӣ, пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар, пешрафти ҷумҳурии соҳибистиқлол, ки нав ба даҳсолаи сеюми мавҷудияти худ қадам ниҳодааст, мусоидат хоҳад намуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат  ба василаи пешниҳодҳои судманду наҷибонаашон дар масоили захираи сарватҳои обӣ ва баъдан дар чанд соли охир оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи умумиҷаҳонӣ масъалагузориҳо намудану аз тариқи минбарҳои бонуфузи олам, аз ҷумла минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад кардану пешниҳодҳои муфид карданашон буд, ки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ташабуссу иқдомҳои наҷиби ин абармарди арсаи сиёсатро хуш пазируфтанду ниҳоят эълон шудани соли оби тоза, об барои рушди устувор, таъсиси Маркази пиряхшиносӣ дар назди Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, ҳифзи ҷаҳонии пиряхҳо, расидан ба қадри обҳои мусаффо ва ҳоказои дигар ташаббусҳои оливу сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи миллати сарбаландамон ва роҳбари воломақоми онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бардошт, ки ҳамаи ин дастовардҳо боиси ифтихори мост.

                         Пас биё, даст ба даст додаву паймон созем,

                         Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

                 Хулласи калом, ҳифзи Ваҳдати миллӣ яке аз авомили муҳимми сулҳу амонии ҷомеаи муосир ва шаҳодати ҳастии миллат буда, танҳо дар сурате пойдору устувор боқӣ мемонад,ки ҳама қишрҳои ҷомеа, неруҳои сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ якдилу ба ҳам тавъам муттаҳид бошанду ба қадри обу хок, сарватҳои бебаҳо ва кишвари ганҷҳо нокушодаи худ расанду онҳоро чун гавҳараки чашм гиромӣ нигоҳ доранд. Беҳуда нест, ки алломаи Машриқзамин Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ гуфта:

Аз оташу обу боду хокем ҳама,

З-ин чор чу набванд ҳалокем ҳама.

 

Пас месазад, ки ҳамагон аз хурд то бузург сар карда ба қадри ин ҳама дастоварду неъматҳои худодод расем ва онҳоро ҳифз намоем!

      25 –умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ фархундаву фирӯз бод!

                           профессор, Абдулҳамид ҚАЮМОВ