Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

            Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам .

            Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

            Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

 

Сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, шунавандаро бевосита ба фикр кардан водор месозанд. Ваҳдат – ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун кардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро ифода менамояд.

Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлату, давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замону макон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг.

Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем ва танҳо дар сурати ваҳдат душворӣ ва монеаҳо паси сар мешаванду рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад медонад, ки  дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаӣ он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шарофати ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда шудааст.

Бо шарофати сулҳу ваҳдат дар Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари мардон, занон низ кору фаъолият намуда, дар таҳқиқот ва экспедитсиҳои илмию бунёдӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки  тамоми дастовардҳое, ки занони мо дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ба даст овардаанд ин ҳама ба шарофати дастгирии Ҳукумати кишвар аст. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ташаббуси занонро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои идоракунӣ, тадбирҳои муфид  меандешанд.

Бояд қайд намуд, ки таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар асоси иқдомҳои хирадмандона ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда, яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқолӣ ба шумор меравад.

Хушбахтона, муассисаи мазкур дар фазои сулҳу оромӣ ва ягонагию якдилӣ кору фаъолият намуда, таҳти сарварии олими маъруф, профессор ва ягона шахсе, ки  соли 2009 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар қитъаи Антарктида барафрохтааст, устод Қаюмов Абдулҳамид дар таҳқиқоти илмӣ доир ба ҳалли мушкилоти об, тағйрёбии иқлим ва ҳолати кунунии пиряхҳо ба дастовардҳои  назаррас ноил гардидааст, ки ин самара ва шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз ба рӯз гул-гул шукуфта, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ карда, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва мамлакат обод шуда, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик пайки нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат падидор аст.

Хулоса чун як фарзанди ҷумҳурии соҳибистиқлол имрӯз бо сулҳу ваҳдати бадастовардаи кишвари азизам меболам ва бо ифтихор гуфта метавонам, ки пояи сулху осоиштагӣ дар ин сарзамини хамешабаҳор хеле мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, онро такягоҳ аст.

Шукри иқболи баланди ҳамчу файзи осмон,

Шукри сулҳу шукри ваҳдат, орзӯи тоҷикон.

Шукри ҳар як рамзи давлат, эътибори халқи мо,

Шукри меҳру оташи файзи ҳама давру замон.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки санаи 27- июни соли 1997 дар таърихи давлатдории тоҷикон чун давраи нави таърихӣ ворид гашт. Ин иди фархунда нишони сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи рахшони Тоҷикистон аст. Аз самими қалб ба Шумо ҳамкасбони муҳтарам ва фидоиёни роҳи илм дар татбиқи нақшаҳои минбаъдаатон баҳри рушди Ватани азизамон, саломатии қавӣ ва дар ҳамаи ҷодаи фаъолият натиҷаҳои пурсамар таманно намуда, ба ҳаммаи Шумо азизони дилу дида, ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро самимона муборакбод менамоям.