8–уми июни соли равон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар доираи Конфронси дуюми сатҳи баланди байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар толори Зарандуди Кохи Сомон чорабинии параллелӣ доир намуд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин амалӣ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо,  баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон бо роҳу усулҳои инноватсионӣ дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқоти пиряхҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба илми глятсиология ва омӯзиши пиряхҳо мебошад.

Чорабинии параллелӣ бо иштироки кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ,  намояндагони донишгоҳи Фрибури Шветсария,  вазорату идораҳо ва доираи васеи олимон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

Абдулҳамид Қаюмов, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд кард, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо бевосита бо супориш ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ташкил гардида, мақсад асосии фаъолияти он пеш аз ҳама тайёр намудани мутахассисони  ҷавон дар самти омӯзиши пиряхҳо мебошад. Хушбахтона имрӯз ҷавонони марказамон ба дастовардҳои баланди илмию таҳқиқотӣ ноил гардидааанд. Ногуфта намонад, ки аз оғози фаъолияти Муассиса ҷавонони он дар зиёда аз 40 экспедитсияхои илмию бунёдӣ иштирок намуда, маълумотҳои дақиқу аниқро оиди вазъи пиряхҳо, ҳаҷм ва андозаи онҳо, равандии коҳишёбии онҳо пешниҳод намудаанд.

Профессор Қаюмов Абдулхамид инчунин иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаамон эътимоди калон дошта,  дар ҳамаи суханрониҳояшон аз ташкили Маркази омӯзиши пиряхҳо ёдовар мешаванд. Аз ин рӯ боварӣ дорам, ки дар якҷоягӣ бо ҷавонон сазовори боварии боъэтимоди Роҳбари давлат хоҳем гашт.

Дар рафти чорабинӣ кормандони Муассиса Кабутов Хусрав дар мавзӯи “Тавозуни массаи пиряхи №139 –и ҳавзаи кӯли Қароқул ва моделсозии он” Наврузшоев Ҳофиз “Пиряхшавии муосири ҳавзаи дарёи Гунт дар шароити тағйирёбии иқлим”, Муслимов Қодир оиди “Арзёбии ҳолати пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Обихингоб дар болооби шохоби Оби Занки” , Убайдуллоев Убайдулло “Маълумоти умумӣ дар бораи пиряхи сангӣ ва яхбандии бисёрсола дар минтақаҳои куҳӣ” ва Ғозиев Саидбек дар мавзӯи “Вазъи имрӯзаи пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Ситаргӣ дар ҷараёни тағйирёбии иқлим” баромад намуда, маълумоти илмии ҷолибро пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом  намояндаи Донишгоҳи Фрибурги Шветсария аз ташкили чунин чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда,  қайд кард, ки маълумоте, ки ҷавонони Муассисаи илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба даст овардаанд, хазинаи илмии бузурги илми глятсиология мебошанд.

Ҳамзамон Директори Муассиса барои иштирок дар чорабинии параллелӣ ба ҳамагон изҳори сипос намуда, арз намуд, ки Конфронси дуюми сатҳи баланди байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” заминаи хуб барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ оид ба норасоии оби ошомиданӣ ва масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳисоб рафта, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” фаъолияташро  баҳри татбиқи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо  равона намудааст.