А.Қ.ҚАЮМОВ

ВАЗЪИ ҲОЗИРА ВА ДУРНАМОИ ОМЎЗИШИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

 

Академики МАНЭБ, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Почтаи электронӣ: abdkaumov@mail.ru; тел.: +992939999272

 

Ҳадафи таҳқиқот арзёбии вазъи ҳозираи пиряхи Федченко дар заминаи тағйирёбии иқлим аст. Арзёбии ҳолати пиряхи Федченко дар давраи солҳои 1977-2020 бо истифода аз тасвирҳои моҳвораҳои Landsat-2, 7 ва Sentinel-2A, инчунин таҳлили ретроспективӣ аз соли 1933 гузаронида шуд. Навоварии илмӣ дар он аст, ки дар тӯли 50 соли охир бори аввал тавсифи муфассали пиряхҳо ва ҳолати он ҳангоми гармшавии глобалӣ дода шудааст, ки имкон медиҳад стратегия ва дурнамои омӯзиши пиряхи Федченкоро тањрезӣ кунанд. Дар мақола нишон дода шудааст, ки дар минтақаи аблятсионӣ таназзули ҷиддӣ муайян гардида, инчунин кӯлҳои калони пиряхӣ пайдо шудаанд. Пешгӯиҳо дар асоси модел нигаронкунанда мебошанд. Таъкид карда мешавад, ки тадқиқоти мунтазами экспедитсионї ва статсионарии пиряхи Федченкоро ташкил кардан зарур аст.

 

Калидвожаҳо: пиряхи Федченко, тасвири моҳвораӣ, моделсозӣ, таназзул, майдони пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, кӯли пиряхӣ, мониторинг.