А.Қ.ҚАЮМОВ, У.АМИРОВ, X.Қ.КАБУТОВ, Х.Д.НАВРУЗШОЕВ
АРЗЁБИИ РАВАНДИ КОҲИШЁБИИ ПИРЯХҲОИ ШОХОБҲОИ ДАРЁИ ИШТАНСАЛДӢ ДАР ҲАВЗАИ ДАРЁИ СУРХОБ
Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
Ҳадаф омӯзиши динамикаи таназзули пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Иштансалдӣ дар давраи аз соли 1994 то соли 2021 мебошад. Таҳлили натиҷаҳо нишон дод, ки дар давраи аз соли 1994 то соли 2021 масоҳати пиряхҳо 9,065 км2 кам шудааст, ки ин 16% масоҳати умумии пиряхҳоро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии пиряхҳо дар соли 1994 нисбат ба маълумоти “Феҳристи пиряхҳои СССР” дар соли 1971 6,2 км2 зиёд шуд, ки ин 16% майдони умумии пиряхҳоро ташкил медиҳад.
Муайян карда шуд, ки 32% пиряхҳо экспозитсияи ҷанубу шарқӣ доранд ва ба ҳисоби миёна дар давраи солҳои 1994-2021 камшавии бештарро (1,554 км2) пиряхҳои экспозитсияи шарқӣ, ҷанубу шарқӣ ва шимолу шарқӣ ба даст овардаанд: мутаносибан 0,455 км2, 0,251 км2 ва 0,27 км2. Масоҳати танҳо як пирях, ки дар ҷанубу шарқ ҷойгир аст, 0,464 км2 зиёд шудааст.
Калидвожаҳо: таназзули пиряхҳо, тағйирёбии минтақа, тағйирёбии иқлим, дарёи Иштансалдӣ, дарёи Сурхоб, ташхиси фосилавӣ.