А.Қ.ҚАЮМОВ, Р. РАСУЛЗОДА, Х.К.КАБУТОВ

 ОМӮЗИШИ ҲОЛАТИ ПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ ДАРАЙДАРШАЙ

 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”[1]

 

Мақсади ин тадқиқот муайян кардани хусусият ва суръати тағйирёбии масоҳати пиряхҳои ҳавзаи болооби дарёи Дарай-Даршай мебошад. Тарзи муайян намудани сарҳади пиряхҳо барои солҳои 1977-2020 тавассути тасвирҳои моҳворагии аз USGS бо навъҳои Ландсат-1-7 ва Sentinel 2A, Google Earth Pro ва ArcMap 10.5 коркард гардидааст. Дар ин солҳо таназзули пиряхҳои ҳавза идома ёфта, масоҳати онҳо 9,133 км2 (19,92%)  кам шудааст ва суръати миёнаи камшавии масоҳати пиряхҳо мухталиф мебошад.

 

Калидвожаҳо: дарёи Дарай-Даршай, коҳишёбии пирях, аксҳои фосилавӣ, забонаи пирях, мониторинги пиряхҳо, тасвирҳои моҳворагӣ, таназзул.

Суроға барои мукотиба: Қаюмов Абдулҳамид Қаюмович, Расулзода Расул. 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистан, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”E-mail: abdkaumov@mail.ru; rasulzoda.cryos@gmail.com