А.Қ.ҚАЮМОВ, С.Т.ҒОЗИЕВ, У.Р.УБАЙДУЛЛОЕВ, Х.Қ.КАБУТОВ,  Ҳ.Д.НАВРУЗШОЕВ

 ҲОЛАТИ ИМРӮЗАИ ПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ СИТАРГӢ ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”[1]

 

Мақсади омӯзиши пиряхҳои шохоби дарёи Ситаргӣ ҳавзаи дарёи Обихингоб дар рафти тағйирёбии иқлим дар давраи солҳои 1977-2018. Арзёбии ҳолати пиряхҳо бо истифода аз аксҳои кайҳонии моҳвораҳои Landsat-2, 7 ва Sentinel-2A ва барномаи ArcGIS ва Google Earth гузаронида шуд.

Тадқиқоти илмӣ ва натиҷагирӣ дар пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ситаргӣ, дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим муайян кардани ҳолатҳои ивазшавии масоҳати пиряхҳои шохоби дарёи Ситаргии ҳавзаи дарёи Обихингоб мебошад.

Натиҷаҳои ба даст оварда нишон медиҳанд, ки аксарияти пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ситаргӣ набзонӣ буда, давраи омӯзиш нишон медиҳад, ки масоҳати пиряхҳои мазкур гуногун тағйир ёфтаанд.  

 

Калидвожаҳо: пирях, ҳавзаи дарёи Ситаргӣ, коҳишёбӣ, ғизогирӣ, аксҳои фосилавӣ.

Суроға барои мукотиба: Қаюмов Абдулҳамид Қаюмович, Ғозиев Саидбек Талбиевич. 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”. Email: abdkaumov@mail.ru; gozievs@mail.ru