А.Қ.ҚАЮМОВ, Ҳ.Д.НАВРУЗШОЕВ

ВАЗЪИ ҲОЗИРАИ ЯХБАНДИИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ ДРУМДАРА (ҲАВЗАИ ДАРЁИ ҒУНД)

 Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

 

Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқоти ҳолат ва миқдори пиряхҳо дар ҳавзаи дарёи Друмдара, шохоби рости ҳавзаи дарёи Ғунд барои солҳои 1977-2020, ки бо истифода аз аксҳои моҳвораи Landsat – 2, 7 ва Sentinel – 2A амалӣ карда шудаанд, оварда шудааст.

Маълумоте, ки дар натиҷаи таҳлил ва баҳодиҳии натиҷаҳои тадқиқот ба даст омадаанд, имкон доданд, ки шумораи пиряхҳои ҳавзаи тадқиқшудаи дарёи Друмдара аниқ карда шаванд. Аз сабаби он, ки як пирях дар паси қаторкӯҳи ин ҳавза воқеъ буда, дар маҷмуъ инчунин ду пиряхи дигар ки тамоман нест шудаанд, бинобар ин сабаб мо онҳоро аз рӯйхати пиряхҳои ин ҳавза хориҷ кардем. Ҳамин тариқ, муайян карда шудааст, ки соли 2020 дар ҳавзаи дарёи Друмдара 25 пирях мавҷуд аст, ки нисбат ба соли 1977 10,7% (3 пирях) камтар аст. Ва дар натиҷа, майдони яхбастаи маҷрои болоии дарёи Друмдара дар давраи аз соли 1977 то соли 2020 1,28 км2 ё 10,9 % кам шудааст.

 

Калидвожаҳо: тағйирёбии иқлим, ҳавза, яхбандӣ, пиряхҳо, таназзул, дарё, Друмдара, Ғунд, зондиронии фосилавӣ, ГИС.