А.Қ.ҚАЮМОВ, Д.КАМОЛОВА, А.ШОМАҲМАДОВ, Х.КАБУТОВ

ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ СУРХОБ ДАР БОЛООБИ ДАРЁИ НАУКРУМ

 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

 

Мақсади таҳқиқот баҳодиҳӣ ба ҳолати пиряхҳои болооби дарёи Наукрум дар ҳавзаи дарёи Сорбоғ мебошад.

Навоварӣ дар он мебошад, ки маълумоти охирин оид ба пиряхҳои минтақаи тадқиқшаванда дар “Феҳристи пиряхҳои СССР”, нашри соли 1971 дода шудааст.

Маълум карда шуд, ки: масоҳати умумии пиряхҳо дар минтақаи таҳқиқшуда дар давраи солҳои 1994-2011 ва 1994-2018 мутаносибан 3,0%  (0,72 км2) ва 9,8% (2,11 км2) коҳиш ёфтааст.

Аз ҳама зиёд масоҳати пиряхҳои сиркӣ ва сиркию водигӣ (аз 7,07 то 23,7 %), инчунин  пиряхҳои ба самти шимолу ғарб (4,86-13,1%) ва шимолу шарқ тамоюл дошта (4,12-14,09%))коҳиш ёфтааст.

 

Калидвожаҳо: пиряхҳо, таназзули пиряхҳо, яхбандӣ, коррелятсия, экспозитсияи пиряхҳо, намудҳои морфологии пиряхҳо.