А.Қ.ҚАЮМОВ, А.Х.ДАВЛЯТОВА, Х.Қ.КАБУТОВ, У.Р.УБАЙДУЛЛОЕВ, Х.ТОЛИБОВ
ТАВСИФИ ТАҒЙИРЁБИИ МАСОҲАТИ ПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ ПИСОДА
Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”[1]
Ҳолати тағйирёбии андозаи пиряхҳои ҳавзаи дарёи Писода дар солҳои 1977 то соли 2018 ҳисоб карда шуд. Барои муайян кардани миқдори коҳишёбии масоҳати пиряхҳо дар ин ҳавза аксҳои фосилавии кайҳонӣ аз моҳвораҳои Landsat 1-7, Sentinel 2А истифода шуда, масоҳати аз байн рафтаи ҳавзаи мазкур муайян гардид. Миқдори коҳишёфтаи масоҳати ҳавзаи дарёи Писода ба ҳисоби миёна 2,2 км2 –ро ташкил дод, ки ин нишондод бо ҳисоби фоиз 27,1% мебошад. Суръати миёнаи коҳишёбии масоҳати пиряхҳо вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва масоҳаташон гуногун аст. Коҳишёбӣ дар давраи соли 1994 то соли 2018 дар муқоиса нисбат ба давраи солҳои 1977-1994 босуръат зиёд шудааст.
Калидвожаҳо: пиряхҳо, коҳишёбӣ, масоҳат, яхбандӣ, аксҳои фосилавии кайҳонӣ, ҳавзаи Писода, тадқиқоти зондиронӣ, ҳавзҳои наздипиряхӣ.