А.Қ. КАЮМОВ, А.М. ШОМАҲМАДОВ, М.Т. САФАРОВ

 ТАҲЛИЛИ ШАРОИТИ ОБУ ҲАВО ВА РОБИТАИ ОН БО РӮЙДОДИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Ҳадафи мақола омӯзиши сифатӣ ва миқдорӣ дар робита бо офатҳои табиӣ ва тағйирёбии параметрҳои асосии метеорологӣ мебошад.

Муаллифон ба таври боварибахш нишон додаанд, ки дар пойгоҳҳои обуҳавосанҷии дар водиҳо гузошта шуда боришот ё ба қайд гирифта намешавад ё кам аст, дар баландкӯҳҳо боришоти зиёд ва селҳои калон ба амал меоянд, ки хисороти калони иқтисодӣ ва дар баъзан мавридҳо талафоти одамон низ ба вуқуъ мепайвандад.

Муайян карда шуд, ки раванди тағйирёбии ҳарорати ҳаво бо пайдоиши сел дар минтақаҳои пиряхҳо рост меояд ва ин равандро метавон пешгузаштаи селҳои пиряхӣ ва сели муқаррарӣ ҳисоб кард.

 

Калидвожаҳо: параметрҳои метеорологӣ, ҳарорати ҳаво, боришот, сел, коэффитсенти коррелятсия, паҳншавии арзишҳои тасодуфӣ, офатҳои табиӣ, хисорот, талафоти одамон.