МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ
«МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»
КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”
ЧОРАБИНИИ МУВОЗӢ (ПАРАЛЛЕЛЬНОЕ МЕРОПРИЯТИЕ)
“САҲМИ ЗАНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО”
07 июни соли 2022, аз соати 13:00 то 14:30 ба вақти Душанбе.
Тарзи иштирок: офлайн
Суроға: ш.Душанбе , хиёбони Рӯдакӣ, 122, Маҷмааи давлатии “Кохи Сомон”, ошёнаи 2-юм, толори “Зарандуд”
Бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» чорабинии мувозӣ дар мавзӯи “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” санаи 7-июни соли 2022 дар Толори Зарандуди Кохи Сомон доир менамояд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама ҷалби бонувон ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани донишу маҳорату занон барои пешбурди тадқиқоти илмӣ-бунёдӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш, ҳифзи пиряхҳо ва инчунин эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, муайян намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар масъалаи омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳо аз тарафи занон, шинос шудан бо дастовардҳои занони пиряхшиноси “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” иборат мебошад.
Ҳадафҳои конфронс:
- Ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо;
- Сайқал додани донишу малакаи занон оиди омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф;
- Баланд бардоштани саҳми занон дар усулҳои инноватсионии тадқиқоти пиряхҳо;
- Муаррифӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барф аз ҷониби занон;
БАРНОМА
КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”
ЧОРАБИНИИ МУВОЗӢ (ПАРАЛЛЕЛЬНОЕ МЕРОПРИЯТИЕ)
“САҲМИ ЗАНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
7 июни соли 2022
7 июни соли 2022
13:00-13:10 |
КУШОДАШАВӢ ВА СУХАНИ ИФТИТОҲӢ Модератор:номзади илм, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қаюмова Дилором |
|
Маърӯзаҳо |
Маърӯзачиён |
|
13:10-
13:20 |
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим | Бахтибекова Насиба
Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
|
13:20-
13:30 |
Дурнамои истифодаи гидрологияи изотопӣ дар омӯзиши пиряххои Точикистон | Каюмова Дилором номзади илм, ходими пешбари илми Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
13:30 13:40 | Омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхоб дар болооби дарёи Наукрун | Камолова Дилбар
Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
13:40 13:50 | Нақши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ташаккули захираҳои об ва гидроэнергетика | Боқизода Адлиниссо Мутахассиси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
13:50 14:00 | Ҳолати ҳозираи яхбандии шохоби Обихингхоб дар хавзаи дарёи Батрут | Давлятова Адолат
Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
14:00
14:30 |
Муҳокима |