Чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” семинари омӯзишии серӯза дар мавзӯи “Дурнамои омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар  рафти баргузории семинар намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Семинари мазкур дар доираи лоиҳаи «Ташаккули иқтидори миллӣ оид ба арзёбии пиряхҳо ва барф дар шароити тағйирёбии иқлим» ташкил карда шуда, он аслан аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда,қисми назариявии он дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва қисми амалиаш дар болооби дарёҳои Майхура ва Зиддеҳ баргузор гардид.

Лоиҳа барои гузаронидани таҳқиқоти изотопии пиряхҳо ва қабати барф равона шудааст. Дар натиљаи таҳқиқот дар бораи њолати пиряхҳо ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти муътамад ба даст оварда мешавад, ки ин имкон медињад раванди коҳишёбии пиряхҳо ва маљрои обњои пирях ба таври воқеӣ арзёбӣ карда шавад. Ин натиҷа  барои банақшагирӣ ва идоракунии ояндаи истифодаи самараноки захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

 

Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа бо афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномаи имрӯзаи Марказ мувофиқат мекунанд. Лоиҳа иқтидори миллиро барои иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Конвенсияи тағирёбии иқлим дар асоси дарозмуддат рушд ва такмил медиҳад. Онҳо бояд огоҳӣ ва дониши шарикони ҳукуматиро дар бораи тағйирёбии иқлим ва захираҳои об, коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҳукумат барои ворид кардани масъалаҳои асосии тағйирёбии иқлим ба Рӯзномаи Рушди Миллӣ афзоиш диҳанд.

 

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур баррасӣ намудани маълумоти амалӣ оид ба изотопҳои пайдоиши табиӣ ҳамчун нишондиҳанда барои муайян кардани ҳолати воқеии пиряхҳо, инчунин оё онҳо дар зери хатар ва тобовар ба шароити тағйирёбии иқлим қарор доранд ё не, мавқеи пирях дар дарёҳо, пиряххои обшуда чӣ тавр обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминиро пур мекунанд, синну соли оби дарёҳо чӣ қадар аст ва пиряхҳои обшуда ба он чӣ гуна таъсир мерасонанд, иборат буд. Дар семинар усулҳои гирифтан ва нигоҳ доштани намунаҳои обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, намии хок, инчунин оби борон, пиряхҳо ва қабати барф бо истифода аз асбобҳои махсус баррасӣ гардид.

 

Дар доираи семинари омӯзишӣ намояндаи МАГАТЭ Юлия Виставная баромад карда, дар маърӯзаи худ дар бораи фаъолияти асосии МАГАТЭ мухтасар сухан ронда, қайд кард, ки самтҳои асосии фаъолияти он ин истифодаи атом ба мақсадҳои осоишта, чӣ дар соҳаи илм ва техника, ҳамзамон  дар соҳаи тандурустӣ ва бехатарӣ, муҳофизат ва тафтиш маҳсуб меёбад.

 

МАГАТЭ дорои шуъбаи гидрологияи изотопӣ мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи Барномаи захираҳои об масъул аст. Бахши мазкур тамоми фаъолиятҳоро дар доираи Барномаи захираҳои оби МАГАТЭ амалӣ менамояд, ки рушд ва интиқоли ноу-хауро дар татбиқи гидрологияи изотопӣ ҳамчун воситаи муассир барои арзёбӣ ва идоракунии захираҳои об дастгирӣ мекунад. Бар замми ин озмоишгоҳи гидрологияи изотопии барнома дар соҳаи таҳлил кӯмак ва омӯзиш пешниҳод мекунад.

Маърузачӣ инчунин таъкид кард, ки ин бахш якчанд шабакаи глобалии маълумот оид ба изотопҳоро барои тадқиқоти гидрологӣ ва иқлим, аз ҷумла изотопҳои глобалии МАГАТЭ дар шабакаи боришот ва шабакаи изотопҳои глобалии дарёҳо дастгирӣ мекунад. Тавассути ин системаҳои шабакавии беҳамто, кишварҳои узв ба маҷмӯаҳои изотопҳои байналмилалии обӣ ва минтақавӣ (оксиген-18, дейтерий ва тритий) ва маҳсулоти марбут ба харитасозӣ дастрасӣ доранд. Ин маълумоти васеъ истифодашаванда барои тадқиқоти гидрологӣ, иқлимшиносӣ ва муҳити зист воситаҳои хеле муфид мебошанд. Самти дигари фаъолият паҳн кардани маълумот дар бораи воситаҳо ва усулҳои гидрологияи изотопӣ тавассути нашри нашрияҳои махсус ва омӯзиш мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи барномаи ҳамкориҳои техникии МАГАТЭ, ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ бо кишварҳои узв ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ва устувории захираҳои оби ширин тавассути арзёбии ҳамгироии илмии захираҳои об ҳамкории зич мебарад. Илова бар ин, он ба татбиқи усулҳои изотопӣ барои арзёбии захираҳои об ва идоракунии обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ, инчунин дар мавҷудияти захираҳои муштараки оби фаромарзӣ мусоидат мекунад.

Изотопҳо роҳи нисбатан осон ва боэътимоди муайян кардани синну соли захираҳои об ва дараҷаи осебпазирӣ ва устувории онҳоро таъмин мекунанд. Вақте ки обҳои зеризаминии “куҳна” мегӯянд, ин маънои онро дорад, ки об оҳиста ҷорӣ мешавад ва барои пур кардани қабати зериобӣ муддати тӯлонӣ лозим аст. Баръакс, обҳои ҷавони зеризаминӣ бо боришот ба осонӣ ва зуд пур мешаванд, аммо метавонанд аз ифлосшавӣ ва тағйирёбии шароити иқлим зарари ҷиддӣбинанд. Бо муайян кардани синну соли об, олимон ва муҳаққиқон дар бораи он ки чӣ гуна зуд пур шудани қабатҳои зериобӣ тасаввуроти равшан пайдо мекунанд.

Дар фарҷоми ҷамъомад директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» профессор Қаюмов Абдулҳамид ба иштирокчиёни семинар, аз ҷумла ба намояндаи МАГАТЭ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, қайд кард, ки лоиҳаи мазкур заминаи хубе барои татбиқи ташаббуси «Даҳсолаи амал   об барои рушди устувор» буда, инчунин дар илми пиряхшиносӣ ва гидрология ин марҳалаи  нави илм ба ҳисоб меравад.

Инчунин зикр гардид, ки омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф на танҳо барои лабораторияи сифати оби изотопӣ ва беҳдошти санитарии Маркази омӯзиши пиряхҳо, балки барои МАГАТЭ самти нав аст. Бисёр усулҳои тадқиқот ноу-хау мебошанд, ки намояндагони МАГАТЭ ва Маркази омӯзиши пиряхҳо бояд онро як марҳалаи нави илм тавсиф ва шарҳ диҳанд.

Бешубҳа, кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  масоили омӯзиши пиряхҳо ба марҳалаҳои нави илм расидаанд.

Дар интиҳои намоиш профессор Абдулҳамид Қаюмов инчунин барои ҳамкориҳои минбаъда ва судманд бо мақсади татбиқи лоиҳа пешниҳодҳои муфид ироа намуд.