23-юми майи соли 2022 дар толори  маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

 

 

Чорабиниро директори Муассиса Абдулҳамид Қаюмов ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин нерӯи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда,барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст.

Дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар рафти ҷаласаи тантанавӣ ходими калони илмии марказ Убайдуллоев Убайдулло ҷавонони Муассисаро бахшида ба идашон табрику таҳният намуда, оиди саҳми ҷавонон дар омӯзиши пиряхҳо маърӯза намуд. Инчунин қайд кард, ки  ҳамсола аз 23-юми майи соли 1998 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳимми кишвар Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи саҳми ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа доштва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва пешбурди илму техника  ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегии ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавонони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.

Зимни ҷаласа инчунин  ҷавонони муассиса Наврузшоев Ҳофиз, Камолова Дилбар, Давлятова Адолат, Ғозиев Саидбек бо маърӯзаҳои илмиашон баромад карда, доир ба нақш ва саҳми ҷавонон дар омӯзиши пиряхҳо, муайян намудани ҳолати кунунии пиряхҳои минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва раванди коҳишёбии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа директори Муассиса профессор Қаюмов Абдулҳамид  ҳамаи ҷавонони муассисаро бори дигар бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният намуда, ба он пеш аз ҳама саломатӣ ва барори комёбиҳои беназир дар фаъолияташон таманно намуд.