5-уми майи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, олимону муҳаққиқон, кормандони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш хайра мақдам гуфт. Зимни баромад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, қайд кард, ки инсоният ҳоло дар бӯҳрони норасоии об ва дастрасӣ надоштан ба оби нӯшокӣ қарор дорад. Ҳамзамон иброз доштанд, ки пиряхҳо, ки захираҳои асосии об ба шумор мераванд, солҳои охир аз сабаби гармшавии сайёраи замин 34% коҳиш ёфтаанд, ки ин масъалаи ниҳоят таваҷҷуҳангез буда, ҷомеаи ҷаҳониро бетафовут гузошта наметавонад.
Зимни баромад номбурда қайд кард, ки тағйири иқлим ва буҳронҳои экологӣ аз зумраи мушкилиҳое мебошанд, ки ба захираҳои оби тоза таъсири манфӣ расонда, ҳодисаҳои дигари фалокатовари таббии вобаста ба обро бештар мегардонанд.
Яке аз ҳадафҳои меҳварии пешниҳоди ташаббусҳои беназир аз тарафи Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаҳои захираҳои об ин наҷоти инсоният ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баррасии мушкилии об зарурати таҳқиқу омӯзиши об ва паҳлӯҳои онро дар замони муосир барои олимон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат набзи ҷаҳони муосирро оид ба мушкилоти об дарк намуда, ташаббусҳои наҷибонаро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсия медиҳад. Дар идомаи баромад зикр гардид, ки мушкилоти мубрами ҷаҳони имрӯза ин норасоии оби нӯшокӣ буда, амалишавии иқдомҳои шоёни Пешвои муаззами миллат оид ба ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об баҳри ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Дар рафти конфренсия директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Абдулҳамид Қаюмов оид ба масъалаи “Тоҷикистон-пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” баромад намуда, иброз дошт, ки пиряхҳо манбаи асосии захираҳои об ба шумор рафта, солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим коҳишёбии босуръати пиряхҳо мушоҳида гардида, ҳаҷми оби бисёр дарёҳо кам шуда истодааст. Мавсуф иброз намуд, ки се омӯзиши муҳимми илм мавҷуд аст: омӯзиши кайҳон, энергияи атомӣ ва пиряхҳо.
Зимни баромад профессор Абдулҳамид Қаюмов қайд кард, ки то солҳои 90-ум пиряхҳои Тоҷикистон танҳо аз тарафи кормандони Институти Географияи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (Москва) ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон омӯхта мешуданд. Идораву сохторҳое, ки дар Тоҷикистон оиди ин бахш фаъолият доштанд, онҳо ҳамчун сохторҳои ёрирасон ҳисоб меёфтанд.
Таҳлили адабиёти илмӣ оид ба ҳолати омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки баъди солҳои 90-ум таҳқиқоти илмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон гузаронида нашудаанд ва шароити гузаронидани онҳо вуҷуд надошт. Чунин маълумот дар мақолаҳои Финаев А. ва Котляков В. дарҷ гардидаанд.
Хушбахтона, бо дастуру супоришҳо ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23 апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ташкил гардид, ки тадқиқотҳои бунёдӣ бо усулҳои муосири инноватсионӣ мегузаронад. Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ танҳо як пойгоҳи баландкӯҳ, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул буд, дар пиряхи Федченко ҷойгир буду халос. Хушбахтона Маркази номбурда 6 пойгоҳи баландкуҳро дар баландии аз 3800 то 4800 м ҷойгир намудааст, ки ба воситаи онҳо пиряхҳоро зери назорат қарор додааст. Ногуфта намонад, ки ин гуна шабакаи назорати пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ягона шабака ба ҳисоб меравад.
Инчунин ҳамаи дастовардҳои илмии Марказро ба назар гирифта, соли 2019 онро ба системаи мониторинги байналмилалӣ пиряхҳо ворид намуданд. Маркази омӯзиши пиряхҳо 60 нафар корманд дошта, ҳамасола тадқиқоти бунёдӣ мегузаронад.
Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз Марказ зиёда аз 40 экспедитсияҳои илмӣ гузарондааст. Аз ҷумла, дар ҳавзаи дарёи Панҷ, Сурхоб, Хингоб, Зарафшон, ва Варзоб тадқиқоти илмӣ гузаронида шуд.
Зимни суханронӣ профессор Қаюмов Абдулҳамид қайд кард, ки далелҳои зиёде мавҷуданд, ки пешоҳангии Тоҷикистонро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар љањон муаррифӣ менамоянд.
Аз он ҷумла аз ҷиҳати илмӣ иштирок дар тартиб додани Стратегияи Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ (ВМО) оид ба омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф дар минтаҳаҳои куҳсор, ки соли 2020 дар Конгреси умумиҷаҳонӣ “ВМО” тасдиқ шудааст, инчунин таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон» дар соли 2018 идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи криосфера ва захираҳои обӣ буда, бо шарофати сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ин Марказ имкон фароҳам овард, ки мактаби муосири илмии тоҷик оид ба пиряхшиносӣ ва криосфера, ки ба тадқиқоти бунёдӣ ва илмию амалӣ машғул аст, таъсис дода шавад. Муассисаи мазкур ба ҳамаи талаботи стандартњои љањонї љавобгў буда, доимо манфиатњои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз менамояд.
Аз ҷиҳати сиёсӣ бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”ва пешниҳод оид ба таъсиси “Фонди ҳифзи пиряхҳо”далелҳое мебошанд, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масоили ҳифзи пиряхҳо инъикос менамоянд.
Дар фарҷоми суханронӣ профессор Қаюмов Абдулҳамид иброз дошт, ки Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияташро баҳри амалишавии ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро оид омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба роҳ монда аст.
Дар интиҳои конфренсия муҳокимаи маърузаҳо ва саволу ҷавоб байни иштирокчиёни конфронс доир гардид.