САҲМИ ЗАНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО

Бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва инчунин бахшида ба соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” 18-уми марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Конфронси  илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо”  баргузор гардид.

              Ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур ин пеш аз ҳама ҷалби бонувон ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани донишу маҳорату малакаи занон барои пешбурди тадқиқотҳои илмӣ- бунёдӣ, тадбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, муайян намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар масъалаи омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳо аз тарафи занон, шинос шудан бо дастовардҳои занони пиряхшиноси “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” иборат буд.

 

Самтҳои асосии конфронс фарогири саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо, пайгирии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, усулҳои омӯзиши пиряхҳо ва экспедитсияҳои илмӣ аз тарафи бонувони “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” маҳсуб меёфт.

 

Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва муаллимону муҳаққиқон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ инчунин, кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон”  иштирок  ва суханронӣ намуданд.

 

Конфронсро директори муассиса, профессор Абдулҳамид ифтитоҳ бахшида доир ба саҳм ва нақши  занони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар омӯзиши пиряхҳо ибрози андеша намуданд. Қайд карданд, ки бонувони муассисаи мазкур поягузорони Асотсиатсияи занони пиряхшинос ба ҳисоб рафта, дар омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳои Тоҷикистон нақши калон доранд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз дар маркази номбурда зиёда аз 12 нафар бонувони фаъолу кордон фаъолият дошта, дар баробари мардон дар экспедитсияҳо ва тадқиқоти илмӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар рафти конфронс видеофилми профессор Қаюмов Абдулҳамид ва  ҷашни иди Наврӯзи бостонӣ дар қитъаи шашуми Антарктида ба аҳли нишаст намоиш дода шуд.

Зимни конфронс  маърӯзаҳо оид ба “Тағйирёбии иқлим ба офатҳои табиӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тавсифи тағйирёбии масоҳати ҳавзаи дарёи Даштибед”, “Мақоми зан ва саҳми онҳо дар омӯзиши пиряхҳо” ва дигар баромадҳои пурмуҳтаво баррасӣ гардиданд.

Зимни баромади худ Насиба Бахтибекова–ходими хурди илмии муассиса оид ба ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муфассал сухан ронда, баромадҳои Роҳбари давлатро, ки аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон барои нашри маҷмӯаи “Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба  омӯзиши масъалаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим” ҷамъоварӣ гардидаанд, баррасӣ намуда, қайд кард, ки маҷмӯаи мазкур бахшида ба эълон гардидани соли 2025 соли “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуда, он бо се забон таҳия гардидааст. Мақсад аз нашри маҷмӯа ин пешбурд ва татбиқи иқдомҳои хирадмандона ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ намудани пайомадҳои тағйирёбии иқлим мебошад.

 

Дар рафти конфаронс  Умеда Юсуфӣ– сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба офатҳои табиӣ ва оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, иброз намуд, ки масъалаи тағйирёбии иқлим, босуръат обшавии пиряхҳо ва зиёд гардидани газҳои гулхонаӣ имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бе ташвиш намондааст.

Давоми солҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо, боришоти зиёди боронҳои пайдарпай ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо сабабгори зиёдшавии офатҳои табиӣ ва фавти одамон гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зарари калони моддӣ мерасонад. Тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонда истодааст.

Инчунин Умеда Юсуфӣ  иброз дошт, ки дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардидани Маркази омӯзиши пиряхҳо, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, иқдоми хубест барои омӯзишу ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон.

Фарзона Худойдодова- муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” баромад карда, ибрози андеша намуданд, ки баргузор гардидани конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” як нақши нав, як ташаббуси бузург аз тарафи занони азизу дӯстдоштанист, ки ба ин соҳаи ниҳоят мушкил ва мураккаб даст зада, фаъолияти босамару аҳамиятнокро роҳандозӣ карда истодаанд.

Ҳамзамон қайд карданд, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо таъсирӣ манфӣ мерасонад. Ба ин хотир, муҳаққиқон ва олимон талош доранд, то роҳи муҳофизати онҳоро пайдо намоянд. Мунтазам анҷом додани экспедитсияи илмӣ-омӯзишӣ оиди омӯзиши пиряхҳо аз тарафи кормандони муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” ва ба таври куллӣ бо иштироки занон мавриди пажӯҳиш қарор додани пиряхҳо ба манфиати кор аст.

Зимни баромад Фарзона Худойдодова гуфтанд, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷиҳати кушоду васеъ омӯхтани масъалаи обшавии пиряхҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” оиди ҷалб намудани мутахассисони касбии байналмилалиро ба мақсад мувофиқ мешуморем.

Мирзохонова Ситора-ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар маърӯзаашон оиди “Таъсири тағйирёбии иқлим ва захираҳои оби Помир” суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои об бетаъсир монда наметавонад.

Мавлоназарова Шаҳло –сардори шӯъбаи табиати Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи “Нақши осорхонаи миллӣ дар муаррифии пиряхҳои Тоҷикистон” суханронӣ намуда, ибрози андеша намуданд, ки Осорхонаи миллӣ муаррифгари таъриху фарҳанги Тоҷикистон буда, шӯъбаи табиати Осорхонаи миллӣ, ки табиати нотакрори кишварамонро таҷассум мекунад, инчунин пиряхҳои Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Мавриди қайд аст, ки доир гардидани Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” нигаронии ҷомеаро нисбати масъалаи обшавии босуръати  пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии он боз ҳам зиёд намуд.

 

Давлятова Малоҳат – омӯзгори кафедраи гидрология ва муҳандисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “ Масъалаи омӯзиши пиряхи ҳаракаткунандаи Хирсон дар Тоҷикистон” баромад карда, иброз дошт, ки 6%-и қаламрави Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекунанд. Ин яке аз муҳимтарин манбаъҳои ғизогирии дарёҳо буда, тақрибан 60% захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад,

 

Муродова Зиннат – муалимаи калони кафедраи иқлимшиносӣ ва харитасозии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зимни баромад дар мавзӯи “ Пиряхҳои ҳаракаткунандаи Осиёи Марказӣ дар мисоли Тоҷикистон” иброз намуданд, ки пиряхи  Сауқдараи  Калон  пиряхи  калонтарини  ҳавзаи  Сауқсой  ба  шумор   рафта  (дарозӣ  25 км,  майдон  69,2 км2,  баландии  нуқтаи  охирини  забонаи  пирях  3940  метр) ,  солҳои  70 – ум  пирях  дар  ҳаракат  буда,  дар  водии  Зулумарти  Шимолӣ  кӯли  пиряхиро  ташкил  карда  буд,  ки  моҳи  августи  соли  1977  канда  шуда  буд.  Дар  натиҷа  оби  дарёи  Сауқсой  дар  давоми  3  рӯз  2 – 3  баробар  зиёд  шуда  буд.

 

Қаюмова Дилором дар мавзӯи “Миқдори металҳои вазнин дар намунаҳои ҷинсҳои куҳии пиряхи №507” сухан карда, қайд намуданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлими сайёра коҳишёбии  пиряхҳо ба назар мерасад, ки дар натиҷа мониторинги металҳои вазнин усулҳои нави тадқиқотро талаб менамоянд. Корҳо оид ба омӯзиши миқдори металлҳои вазнин дар боришот ва хок дар пиряхи № 507, ки моҳи августи соли 2020 ҳангоми экспедитсия аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо ҷамъоварӣ шудаанд.

Саидзода Хадича –ходими илмии маркази омӯзиши пиряхҳо оиди масъалаи “ Тавсифи тағйирёбии масоҳати ҳавзаи дарёи Даштибед” сухан карда, чунин иброз доштанд, ки  дар давраи тадқиқот (1994 – 2021) муайян гардид, ки  ҳавзаи дарёи Даштибед 24,7% майдони пиряхҳояшро аз даст додааст. Дар ҳавзаи дарёи Даштибед ҳамагӣ 10 пиряхи калон мавҷуд аст, аммо дар тасвири соли 2021 миқдори пиряхҳо зиёд ва масоҳаташон хурд шудааст. Давраи аз ҳама зиёд обшави пиряхҳо соли 2021 дида мешавад.

Камолова Дилбар – ходими илмии маркази омӯзиши пиряхҳо оиди масъалаи “Омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхоб дар болооби дарёи “Наукрум” баромад карда, гуфтанд, ки Таѓйирёбии масоњати пиряхњо дар давраи тањќиќ, чӣ аз љињати намудҳои морфологї ва чӣ аз љињати экспозитсия ќариб якхела дар солҳои 1994-2011 нисбат ба солҳои 1994-2018, сурат мегирад.

 

Давлятова Адолат – ходими илмии маркази омӯзиши пиряхҳо дар рафти баромад оид ба “ Таъсири тағйирёбии иқлим ва пиряхҳои болооби дарёи Обихингоб, ҳавзаи дарёи “Писода” чунин гуфтанд, ки  дар давраи омӯзишӣ (1994-2018) маълум гардид, ки масоҳати умумии пиряхҳои водии дарёи Писода -2,2 км2 коҳиш ёфтаанд, ки ин нишондод 27,1% -и масоҳати умумии пиряхҳоро дар бар гирифта, маълум гардад, ки коҳишёбии пиряхҳои каравии шимолӣ ва каравии шимолу ғарбӣ зиёдтар ба назар мерасад, ки 60-70 % ро ташкил медиҳанд.

Боқизода Адлиниссо – ходими илмии Маркази омӯзиши пирхҳо дар мавзӯи “ Пиряхҳои водии Зарафшон ва нақши онҳо дар ташаккули захираҳои обӣ ва энергетикии ин минтақа” баромад карда , қайд гардид, ки агар дар давоми 30-40 соли наздик  суръати мавҷудаи таназзули пиряхҳо ҳамин тавр идома ёбад, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон метавонад 15-20 %-и захираи об ва 80-100 км³ ҳаҷмашонро гум кунанд.

Дар музокирот Каримиён Имомназар- сардори раёсати масъалаҳои тадқиқоти рушди соҳавии маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, аз баромад ва суханрониҳои бонувони марказ изҳори қаноатмандӣ намуда,  гуфтанд, ки ба дӯш гирифтани ин қадар масъулияти баланд, яъне омӯзиши пиряхҳо аз тарафти бонувон, ки заҳмати беҳудудро талаб менамояд, як ҷасорати бузург аст. Инчунин қайд карданд, ки чунин бонувони фаъол бояд дастгирӣ ёфта, ба дигар соҳаҳои кишвар муаррифӣ гарданд.

Дар фарҷоми конфронс директори муассиса, профессор  Қаюмов А. ба аҳли ҳозирин барои иштирок дар конфронс арзи сипос намуда, иброз намуданд, ки минбаъд низ  чунин бонувони фаъол ба омӯзиши пиряхҳо ҷалб мегарданд. Дар маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низомномаи Асотсиатсияи занони пиряхшинос таҳия гардида, маркази номбурда кӯшиш менамояд, то кори Асотсиатсия боз ҳам ҷонноктар гардад. Инчунин профессор Қаюмов А. корхонаю муассисаҳои дигарро барои ҳамкорӣ бо Асотсиатсияи занони пиряхшинос даъват намуданд.