Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободонии ватани азизамон раҳнамун месозад”.

                                                                               Эмомалӣ РАҲМОН

Навбаҳор омаду ҳангоми тараб гашта бапо,

Чи баҳоре, ки зи дилҳо бибарад сабру қарор.

Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бӯстон бигзашт,

Гули садбарг бурун раст зи пироҳани хор.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, он ба қавле умри дарози зиёда аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз баромади вожаи нобу беғубори тоҷикии форсиии наврӯз бармеояд, он ибораест мураккаб аз ду калима: “нав” ва “рӯз” гирифта шуда, аслан  гирем ба пиндори мо он “рӯзи нав” маъно дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Зеро фарорасии Наврӯзи оламафрӯз гувоҳест аз оғози баракати сол, ҳамзамон рамзи шукуфоии оламу бахту саодати одам аст.

Наврӯз рӯзи нек аст. Яъне дар ҳамаи сарчашмаҳои этникӣ-таърихӣ, филологӣ истилоҳи “Иди Наврӯз”, ки калимаи форсӣ-тоҷикист, мазмунан тағйир наёфтааст.

Аз ин рӯ, мафҳуми “наврӯз” дар доираи майдони семантикӣ барои ифодаи маъноҳои зиёде борҳо мавриди  корбаст қарор гирифтааст. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми ориёитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз маънои вожаи он бармеояд, Наврӯз аслан рӯзи нав ном дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ё худ барра ворид мешавад ва аз ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад.

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод!

Наврӯз ҷашни зебоӣ ва дӯстдоштанист. Он иди шукуфтану сабзиш ва нумӯст. Наврӯзро мардум мунтазир мешаванд ва омад-омади онро бо хушу хурсандӣ истиқбол менамоянд. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ барҳақ чунин гуфтааст:   Одаме нест, ки ошиқ нашавад  фасли баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб аст.

Алломаи Машриқзамин Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ низ перомуни ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи муқаддас, ҳамчун рӯзи зодрӯзу ҷаҳону осмону замину инсон, ҳамчун пирӯзии рӯшанӣ алайҳи зулмот, сароғози ҷунбишу рӯйиш, фасли эҳёи табиат, аз ҷумла чунин гуфтааст: “Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад”. Ба пиндори мо калому фармудаи нобиға Умари Хайём беҳтарин орзуву омолу пиндорест барои ҳар як инсони худшиносу худогоҳ. Зеро Наврӯз тимсоли оташи фурӯзону намирандае дар қалби ҳар яки мост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  худ яке аз эҳёгарони Наврӯзи байналмилалианд барҳақ хуб фармудаанд: “Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Ҷашни Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Кишвари мо-Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи  биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафо ҳадя меорад”.

Бояд қайд кард, ки барои он ки Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ мақоми умумиҷаҳонӣ гирад, аз соли 1993 то соли 2010 аз ҷониби Тоҷикистон,  маҳз бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин бо ҷаҳду талоши кишварҳои таҷлилгари ин ҷашни бошукуҳ  оид ба масоили ҷаҳонишавии Наврӯзи оламафрӯз чандин маротибаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалагузориҳои зиёда ба вуқуъ пайвастанд.

Ниҳоятан дар таърихи 30-юми сентябри соли 2009 аз ҷониби созмони бонуфузи ЮНЕСКО ин иди аҷдодони бузурги мо ориёитаборон, ҳамчун Иди байналмилалӣ  ба Феҳристи мероси ғайримодии башарият якдилона пазируфта шуд. Мутобиқи ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳид оид ба “рӯзи байналмилалӣ”, А/64 L.30/ варақи 2 ҳамасола Наврӯзро беш аз 300 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон ботантана таҷлил менамоянд. Ин далел шаҳодати он аст, ки воқеан ҳам мардуми ориёинажод дар масири таърих фарҳангу тамаддуни бузургу беназиреро офарида будаанд ва имрӯз низ қодиранд, ки дар фарҳанги умумибашарӣ нақши боризи худро гузоранд ва дар асл собит созанд, ки онҳо мардуми бунёдкору озодазодагонанд.

Ҳамкорони азизу муҳтарам ва мутахассисони соҳаи пиряхшиносии тоҷик Наврӯзатон фирӯз бод ва ҳар рӯзатон Наврӯз бод гуфта, ба ҳамаи Шумо ба муносибати ин ҷашни бузурги аҷдодӣ барори кору муваффақиятҳои назарраси илмӣ  ва амалӣ таманно менамоям:

Наврӯз шуду олами пир боз ҷавон шуд,

Сад чашмаи яхбаста зи нав боз равон шуд.

Бо эҳтироми самимӣ,

директор, профессор                                                                                                        Абдулҳамид ҚАЮМОВ