Бахшида ба иди модарон рӯзи 5-уми марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки аҳли кормандон ва бонувони Марказ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст директори муассиса ҳозиринро ба муносибати 8-уми март- Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, изҳор намуданд, ки Модар- ин рамзи меҳру муҳаббати бепоён, тараннумгари зебоиву покӣ ва ноёбтарин шахси башарият аст.
Директори муассиса нақши занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа аз ҷумла, дар самти омӯзиши пиряхҳои кишварамон муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон афзуд, ки бонувони муассисаи мазкур бунёдгузорони Анҷумани занҳои пиряхшинос дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Модар тавлидгару тарбияткунандаи насли башар ва устоди нахустини фарзанд мебошад. Аз ин рӯ, ӯ дар баробари иҷрои рисолати аслии худ, яъне тарбияи насли наврас, инчунин дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолияти густурда намуда, саҳми боризи худро мегузорад. Беҳуда нест, ки дар ин хусус шоир фармуда:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Маҳз ҳамин хизматҳои шоёни занону модаронро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 3-юми декабри соли 1999 инҷониб мақоми занро дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон баланд бардошта, барои фаъолияти пурсамарашон тамоми шароитҳо фароҳам овардааст ва ҳамзамон ба Зан-Модар арҷ мегузорад.
Ҳамин тариқ, ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ин нишони эҳтироми баланди маъмурият ба занону модарон буда, дар идомаи чорабинӣ бонувони муассиса бо туҳфаҳои хотирмон ва ифтихорномаҳои маркази номбурда қадрдонӣ гардиданд.
Ид муборак, бонувону модарони азизу арҷманд!