Ҳар сол дар арафаи фарорасии фасли зебои сол, баҳор рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар дар сатҳи давлату давлатдорӣ ва ботантана таҷлил мегардад, ки падида гувоҳест аз қадру манзалати Зан-Модар ва ҳамзамон хидматҳои бемислу монанди ӯ дар раванди зиндагӣ ва тарбияву ба камол расонидани насли башар маҳсуб меёбад.

Рӯзи Модар эълон гардидани ин сана дар кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоли мо амри тасодуфӣ набуда, он пеш аз ҳама ба суннатҳои зебо ва расму анъанаҳои накӯи миллати барӯманду куҳанбунёдамон такя мекунад. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин гуфтаанд: “Нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи мо аҳаммияти калон дорад. Зеро масъалае, ки моҳияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дошта бошад, мо рӯйи даст нагирем, маълум мешавад, ки ҳалли он бе иштироки занон, бе дарназардошти фикру пешниҳодоти онҳо имконнопазир аст.

Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста, ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд, кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд”.

Ҳамин тариқ, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Зан-Модар, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти башар мунтазам боло рафта истодааст. Имрӯз ягон соҳаи ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи бонувон тасаввур кардан амрест маҳол. Занон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мухталиф ба кору фаъолият машғул буда, ҳамқадами замонанд. Имрӯз занони тоҷик кайҳонаварду олимаи пиряхшинос, муаллимаву вазир, сардухтуру сармуҳандис, муовини сарвазиру раиси ноҳия буда, ҳамқадам бо ҷомеа гардидаанд. Бонувон дар баробари мову Шумо мардон заҳмат кашида, ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани ҷоноҷонамон қадам мегузоранд. Зеро сиришти занону модарон аслан аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисоз ва эҳсоси гарми ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ, иззату эҳтироми Зан-Модар ҳамчун мутаҳаррику неруи бузурги ҷомеа қарзи муқаддаси ҳар як инсон новобаста аз мақому манзалаташ буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои ӯ ба пиндори мо фақат аъмоли писандида, рафтори шоиставу боиста ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи суханваре:

Аз ту Модар ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,

Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.

Бо самимият, 

директор, профессор                             А. ҚАЮМОВ