Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илм”

18-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди натиҷагирӣ аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амалӣ намудани “стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2021-2030” конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илм” доир гардид.

Дар конфронси мазкур Марҳабо Ҷабборӣ-доктори илмҳои филология, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Гулчеҳра, Гулназарзода Ҷило-ректори донишкадаи давлатии забонҳо, доктори илмҳои филологӣ, Маҳмадҷонова Муҳиба-доктори илмҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ, Хидирзода Махфират-доктори илмҳои фалсафа иштирок ва баромад намуданд.

Дар кори конфронс инчунин бонувони фаъоли Анҷумани занҳои пиряхшиноси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ширкат доштанд.

Ҳилолбӣ  Қурбонзода раиси Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоишро ифтитоҳ намуда, нақши занону бонувонро дар таҳким ва рушди илми муосир арзёбӣ намуданд.

 

Зимни баромад Ҳилолбӣ Қурбонзода бахшҳое, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи фаъолгардонии занон бахшида шуда буданд, баррасӣ намуд.

Конфронс аз ду қисм иборат буд: қисми суханҳои ифтитоҳӣ ва қисми баромадҳои иштирокчиён.

Пас аз анҷоми кори конфронс муҳокима байни иштирокчиён доир гашта, меҳмонон ва маърӯзачиёни  беҳтарин бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.