Артиши миллӣ-кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”  бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки аҳли кормандони муаасиса баргузор гардид.

Сараввал, директори муассиса профессор Қаюмов Абдулҳамид баромад намуда, аҳли кормандон ва дар симои онҳо тамоми сарбозони далеру шуҷои Ватан, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ифтихои ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, барои родмардони ҷасури Ватан хушбахтӣ, саломатӣ дар роҳи ҳифзи кишвари маҳбубамон матонату ҷасорат орзу намуданд.

Қаюмов А. қайд намуданд, ки Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон зарурият ба амал омад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бояд соҳибиАртиши миллии худ гардад. Зеро артиш яке аз унсурҳои асосии давлат ва кафили мавҷудияти он ба шумор меравад. Чунки бунёди Артиши миллии мустақил ва муқтадир эҳтимолан имкони пешгирии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ғорати моликияти давлатӣ ва заминаи рушди кишварро дар шароити соҳибистиқлолӣ таъмин менамуд.

Бояд қайд кард, ки дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Эъломия “Дар бораи истиқлолияти давлатӣ”муайян кард, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо мақсади ҳифз намудани истиқлолияти бадастомада ва таъмини якпорчагии сарзамини худ ҳуқуқи таъсис додани ҚувваҳоиМусаллаҳро дорад.

Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мисли дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҳисоби Артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягон мерос нагирифта, амалан ташаккули онро комилан аз сифр, яъне дар заминаи холӣ шурӯъ намуд.  Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни яке аз суханрониҳояшон хело ҳам бамаврид қайд карда буданд,  ки: “Аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз артиши давлати абарқудрат ҳиссаи худро соҳибӣ карданд ва дар шароити нисбатан мусоид қарор доштанд, мо корро амалан дар ҷойи холӣ оғоз намудем. Яъне  артиши мо дар хаймаҳои аскарии воқеъ дар фурудгоҳи низомии шаҳраки Айнӣ таъсис ёфт…”.

Ҳатто  боре дар яке аз мулоқотҳояшон ҳангоми суханронии худ бо афсарону сарбозон Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд:“…барои таъин намудан ба вазифаи вазири мудофиа мо он вақт бовар кунед, ки ягон нафар кадри болаёқати соҳа аз ҳисоби тоҷикон надоштем ва маҷбур шудем, ки полковники рустабор А.Б. Шишляниковро ба ин вазифа пешбарӣ намоем”.

Ҳамин тариқ, марҳалаҳои нахусти заминагузорӣ ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои моҳи сентябри соли 1991 то интиҳои моҳи декабри соли1992 идома кард.Вале он давра вазифаҳои муҳим ва масоили куллӣ доир ба таъсис додани Артиши миллӣҳалли худро наёфта буданд. Бар замми ин ба вуқуъ пайвастани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, набудани заминаи моддию техникӣ, вазъи номуташанниҷи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо назардошти таҳдиди хавфу хатарҳои замони муосир тақдири давлату миллати бузурги тоҷикро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар он давраи басо ҳам ҳассос мувофиқи Фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 18-уми декабри соли 1992 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин падида ба давраи аслии бунёдгузорӣ ва ташкилёбии Қувваҳои МусаллаҳиҶумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.

Марҳалаи дуюми бунёди Артиши миллӣ ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи июни соли 1997 маҳсуб меёбад, ки давра ба номи фарзанди диловару шуҷои Ватан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст.

Марҳалаи сеюми бунёдии он баъд аз ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин оғоз гардид. Маҳз дар ин давраи ҳассосу тақдирсоз ба ҳайати таркибии  Артиши миллӣ тағйиру иловаҳои зиёде ворид карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз се навъи асосӣ, яъне Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қувваҳои зиддиҳавоӣ иборат буд. Дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлол он ҳамчун як фишанги муҳимми ҳокимият буда, ҳамчун кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар интиҳои ҷаласа директор Абдулҳамид Қаюмов бори дигар ҳамаи кормандонро ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбхои беназир дар фаъолияташон таманно намуданд.