Конфронси илмӣ –ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Пиряхҳои Тоҷикистон: вазъ, ҳолат ва дурнамо” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” санаи 15-уми феврали соли 2022 конфронси илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, ҳолат ва дурнамо” баргузор намуд.
Дар кори конфронс доираи васеи олимону муҳаққиқон, донишҷуён ва масъулини ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба вазъи кунунӣ, ҳолат ва дурнамои пиряхҳои мамлакат маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Конфронсро муовини Директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафар ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро барои иштирок дар конфронс арзи сипос намуда, иброз доштанд, ки пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои об ба шумор рафта, дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби нушокӣ ва инчунин сероб гардондани кулу дарёҳои Осиёи Марказӣ нақши босазо доранд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи вазъи пиряхҳоро зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии худ қарор дода, барои ҳалли ин масоили муҳими ҷаҳонӣ кишварҳои дунёро баҳри ҳамкорӣ пайваста даъват менамояд.
Сипас Қаюмов Абдулҳамид директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар мавзӯи “Усулҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо” баромад намуда, дар оғоз видеофилми “Сафар ба Антарктида”- ба аҳли нишаст намоиш дода шуд. Дар видеофилми мазкур сафари тулонии профессор А.Қаюмов аз Душанбе ба Антарктида, ки 8 моҳ давом намудааст,пешкаш гардид.
Бояд қайд намуд, ки экспедитсияи якуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Антарктида бевосита бо супориш ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Дар раванди экспедитсия 6 –уми январи соли 2009 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи шашуми Антарктида барафрохта шуд, ки ин воситаи хуби муаррифии кишварамон ба ҷаҳониён буд.
Профессор Қаюмов Абдулҳамид иброз намуданд, ки се омӯзиши муҳими илм мавҷуд аст: омӯзиши кайҳон, омӯзиши энергияи атомӣ ва омӯзиши пиряхҳо.
Хушбахтона, бо шарофати таъсис додани Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мо муяссар гардид, ки омӯзиш ва тадқиқи пиряхҳоро бо тамоми нозукиҳояш ба роҳ монем.
Зимни баромад профессор Қаюмов А. қайд намуданд, ки то солҳои 90-ум пиряхҳои Тоҷикистон танҳо аз тарафи кормандони институти Географияи собиқ Шуравӣ (Москва) ва Академияи илмҳои Узбекистон омӯхта мешуданд. Идораву сохторҳое, ки дар Тоҷикистон оиди ин бахш фаъолият доштанд, онҳо ҳамчун сохторҳои ёрирасон ҳисоб меёфтанд.
Хушбахтона, бо дастуру супоришҳо ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид, ки тадқиқотҳои бунёдӣ бо усулҳои муосири инноватсионӣ мегузаронад. Инчунин ҳамаи дастовардҳои илмии Марказро ба назар гирифта, соли 2019 онро ба системаи мониторинги байналмилалӣ ворид намуданд. Маркази омӯзиши пиряхҳо 60 нафар корманд дошта, ҳамасола тадқиқотҳои бунёдӣ мегузаронад.
https://www.facebook.com/kayumov.abdulhamid/videos/514714789989487
Ташкилшавии Марказ ин давоми тадқиқотҳои даврони Шуравӣ буда, ҳоло усулҳои нави омӯзишро истифода намуда истодааст.
Аз оғози ташкилшавӣ то имрӯз Марказ зиёда аз 40 экспедитсияҳои илмӣ гузарондааст. Аз ҷумла, дар ҳавзаи дарёи Панҷ, Сурхоб, Хингоб, Зарафшон, ва Варзоб тадқиқотҳои илмӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад А. Қаюмов вазифаҳои шуъбаҳои Марказро шарҳ дода, қайд намуданд, ки мо кормандони Маркази омузиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдомҳои Асосгузори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, кушиш менамоем, то ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошем.
Дар кори конфронс кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавояшон баромад намуда, саҳми Марказро дар омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, вазъ ва ҳолати кунунии онҳо боз ҳам равшантар инъикос намуданд.
Лаблабунова Земфира –мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мавзӯи “ Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо” сухан намуда, гуфтанд, ки Пешвои муаззами миллат , Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фикру мулоизаҳои худро пайваста иброз намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳамкории муштарак ва ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.
Инчунин татбиқи “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, такони ҷиддӣ барои омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо ҷумҳурӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ва ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми декабри соли 2017, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018, №162 ва Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2018 дар назди Академия таъсис ёфтааст, ки дар ҳаёти стратегии кишвар руйдоди ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин кормандони Марказ Наврузшоев Ҳофиз- ходими калони илмӣ дар мавзӯи “Коҳишёбии пиряхҳо дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Рушон (ҳавзаи дарёи Ғунд) аз рӯйи аксҳои моҳворагӣ”, Кабутов Хусрав – мудири шуъбаи Мониторинги пиряхҳои Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “ дар мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаи кӯли Қарокул” ва Ҳалимов Ардамеҳр оиди “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаи Искандаркул” ва инчунин муаллимону мутахассисони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ аз кафедраҳои география ва глятсиология маърӯза пешниҳод намуданд.
Баъди баромади маърӯзаҳо муҳокима ва саволу ҷавоб байни иштирокчиён сурат гирифт, ки саволдиҳандагон ба суолҳояшон ҷавоби аниқу дақиқ гирифтанд.
Дар фарҷоми Конфронс муовини Директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафар ба Директори Маркази омӯзиши пиряҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қаюмов Абдулҳамид барои ҳамкорӣ ва дастгириашон арзи сипос намуда, қайд карданд, ки таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо ин як инқилоби илмӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳамкории минбаъда фикрҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.