ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ  «ОБ-САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲӢ”

 28 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии миллии иттилоотии “Ховар” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Об –сарчашмаи асосии имконотҳои сайёҳӣ” ҳамоиши илмӣ доир  гардид.

Ҳамоиши мазкур дар асоси татбиқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 бо иштироки доираи васеи олимону коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш коршиносон ва намояндагони Институти масъалаҳои об гидроэнергетика ва экология, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дигар намояндагони муассисаю корхонаҳои кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»  профессор Қаюмов Абдулҳамид дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ва пиряхҳо” баромад намуда, қайд карданд, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар асоси ташаббусҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар соҳаи об ва ҳифзу нигоҳдории пиярхҳо таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин Марказ ба роҳ мондани тадқиқотҳои бунёдӣ дар самти ҳифз, нигоҳдорӣ ва омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

Директори Муассиса нақши Маркази омӯзиши пиряхҳоро дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафи асосии таъсиси Маркази мазкурро ба ҳозирин ба таври муфассал шарҳу эзоҳ доданд.

Қайд намуданд, ки  Марказ экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, дар давоми 3 соли фаъолияти худ 40 экспедитсия гузаронидааст. Кормандони Марказ ҳамасола аз 4 то 5 ҳазор км роҳро барои ба даст овардани маълумоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва қабатҳои барф тай мекунанд, ки ин барои сайёҳони хориҷие, ки ба давлати мо ташриф меоранд, бисёр ҷолиби диққат  мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки чунин экпедитсияҳои илмию тадқиқотӣ имконият медиҳанд, то хатсайрҳои бехатар барои сайёҳон коркард карда шаванд.

Ногуфта намонад, ки  дар даврони Шуравӣ минтақаҳои яхбандии Тоҷикистон яке аз объектҳои асосӣ ва диданбоби кӯҳнавардон ба ҳисоб рафта сайёҳони хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои баландтарини собиқ Иттиҳоди Шуравӣ масофаҳои тулониро тай менамуданд.

Имрӯз низ қуллаҳои сарбафалаккашида, ки махзани асосии ҷойгиршавии пиряхҳо мебошанд, сайёҳони оламро ба худ ҷалб намудаанд.

Дар ин самт барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари зебоманзарамон мо кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-ро лозим меояд то ҳолати пиряхҳо, раванди обшавии онҳо ва ҷойгиршавии ҳавзҳои болои пиряхҳоро дар асоси корҳои илмӣ тадқиқ намоем, инчунин хатсайрҳое, ки дар даврони Шуравӣ мавҷуд буданд пурра омӯзем ва расман коркард намоем, то хатсайрҳои бехавфро баҳри сайёҳон пешкаш карда тавонем.

Дар анҷоми баромад Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода барои маърузаи пурмӯҳтаво ба Директори Марказ Абдулҳамид Қаюмов  изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда ва баргузории ҳамоишу конфронсҳо дар якҷоягӣ пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.

Дар бахши хотимавӣ аз ҷониби иштирокчиён саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас баргардонида шуд.

 

 

Корманди марказ

Насиба Бахтибекова