Маҷлиси ҳизбӣ дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Имрӯз, 27-уми декабри соли равон дар Маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии  “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки Муовини Раиси Кумитаи “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ширин Қурбонова маҷлиси ҳизбӣ оид ба тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Муассисаи Давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ҷаласаро Директор Абдулҳамид Қаюмов ифтитоҳ намуда, Паёми навбатии Роҳбари кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, паҳлӯҳои мухталифи он, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо бахшида шуда буданд, шарҳу тавзеҳ дод.

Зимни баромад А.Қаюмов иброз доштанд, ки Роҳбари кишвар ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар раванди гармшавии глобалӣ диққати махсус зоҳир карда, аз соли 2009 дар тамоми суханрониҳояшон дар сатҳи ҷаҳонию дохилӣ оиди пешгирии ин масъалаи муҳими умумиҷаҳонӣ аз минбари баланд баромад менамоянд.

Дар ин самт ҳамаи иқдомҳо ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро ба назар гирифта, МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки гулчине бо номи “Иқтибос аз суханрониҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаи пиряхҳо” аз соли 2009 то инҷониб  таҳия набуда, бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп омада созад. Ин яке аз самтҳои фаъолияти  Марказ оид ба таблиғот ва дастгирии  сиёсати Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пиряхшиносӣ  дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  мебошад.

Сипас Директори Муассиса оиди фаъолияти солонаи ташкилот ҳисобот дода, аз дастовардҳои  Муассиса дар соли 2021 гуфта гузаштанд.

Қайд гардид, ки 23 нафар кормандони Марказ аъзои ҳизб буда, дар чорабиниҳои сиёсию оммавӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Зикр гардид, тули фаъолияти яксола 12 экспедитсияи илмӣ  гузаронда шуда, ва инчунин як силсила конфронсҳои илмӣ амалӣ баргузор гардидаанд.

Махсусан, 25-26 ноябри соли 2021 Конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҳолати кунунии пиряхҳо, криосфера, яхбандӣ дар раванди гармшавии глобалӣ” баргузор гардид, ки иқдом ва натиҷаи назарраси илмии Марказ ба ҳисоб меравад. Дар Конфронси мазкур зиёда аз 100 олимону муҳаққиқони миллию байналмилалӣ иштирок намуданд. Аз он ҷумла 16 нафар олимони хориҷӣ тариқи онлайн иштирок ва суханронӣ  намуданд, ки дар ташкил ва гузаронидани ин чорабини аъзоёни ҲХД фаъолона иштирок намуданд.

Директори Муассиса иброз намуданд, ки яке аз дастовардҳои дигари Марказ дар соли 2021 ба чоп расидани Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “ПИРЯХҲО: Истилоҳот ва тавзеҳот” мебошад.

Ин нашрия бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқа карда шуда, бо фармони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “15” декабри 2021с. № 142- Ф/а тасдиқ шудааст. Ин нашрия аз тарафи профессор А.Қаюмов таҳия гардида, зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ба табъ расидааст. Нашрия мазкур барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод шудааст.

Маърузачӣ иброз дошт, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда  сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ Стандарти мазкур мафҳумҳои асосии пиряхшиносиро дар соҳаҳои илм ва табиат татбиқ мегардонад. Мафҳумҳое, ки стандарти мазкур муқаррар кардааст барои истифода дар ҳуҷҷатнигории соҳаҳои илмӣ, техникӣ, таълимӣ ва адабиёти маълумотдиҳӣ ҳатмӣ мебошад. Таърифҳои дар поён зикршуда метавонанд дар ҳолати зарурӣ бидуни вайрон кардани ҳудуди мафҳумҳо шаклашонро иваз намоянд. Барои ҳар як мафҳум истилоҳи стандартишуда мавҷуд аст. Истифодаи истилоҳот ва синонимҳои истилоҳоти стандартишуда манъ карда шудааст.

Инчунин профессор Қаюмов Абдулҳамид кайд кард, ки Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “ПИРЯХҲО: Истилоҳот ва тавзеҳот”  натиҷаи назарраси илмии  Марказ буда имконият медиҳад, ки ба системаи ягонаи ҷаҳони иттилоотӣ ворид гардем ва ҳангоми гуфтушунидҳои расмӣ  ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ  дар сатҳи байнидавлатӣ аз ин стандартҳо истифода намоем.

Инчунин қайд карда шуд, ки  кормандони Марказ дар  фаъолити сиёсӣ ва иҷтимоии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок  менамоянд. Дар шанбегихо ва маъракаҳои сиёсӣ фаъолонаширкат меварзанд. Кормандони Марказ ҳангоми экспедитсияҳои илмие, ки асосан дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ташкил карда мешаванд бо Ҳукумати  маҳаллӣ ва аҳолӣ вохуриҳои судманд ташкил менамояд. Ҳангоми вохурӣ сӯҳбатҳо оид ба иқдомҳо ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташкил менамоянд.

Фаъолияти Муассиса аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас Муовини Раиси Кумитаи “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Ширин Қурбонова сухан карда иброз намуд, ки Ҳизбу Ҳукумат бо ҳам тавъам буда, ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо буда наметавонанд. Инчунин оиди Паёми имсола чунин изҳори андеша намуданд, ки  хусусияти Паёми ироашуда фақат таъмини рушди босуботи кишвар маҳсуб ёфта, Роҳбари кишвар дар Паёми имсолааш масъалае набуд, ки мадди назар карда бошад. Махсусан ба масъалаи омӯхтани касбу дониш ва аз худкунии забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон таъкиди махсус карданд.

Ширин Қурбонова дар охири баромадашон кормандони ҷавони Марказро даъват намуданд, то дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонию оромии кишварии азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар охир  якчанд кормандони фаъоли Муассиса барои гирифтани ифтихорномаи ҲХД пешниҳод гардиданд.

Бо ҳамин ҷаласа кори худро ба анҷом расонд.

 

Корманди марказ

Насиба Бахтибекова