Имрӯз кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа  гардид, аз тариқи телевизион дастаҷамъона тамошо намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар соли 2021 баррасӣ гардида, оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, илму маориф, тандурустӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни баромад Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз оиди пиряхҳо ва масъалаи тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуданд.

Аз он ҷумла, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи тағйирёбии иқлимро яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуда, чунин қайд карданд: “Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст”.

 

Инчунин Ҷаноби Олӣ зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Парлумон зикр карданд, ки :”Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.
Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.”
Роҳбарияти Муассисаи давлатии илмии ”Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки вобаста ба самтҳои дахлдори Паёми мазкур Нақшаи чорабиниҳо  таҳия намуда, барои пешбурди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муфид андешад.

Лозим ба тазаккур аст, ки маркази  мазкур низ дар Паёми соли 2017-и Президенти мамлакат таъкид шуда ,  соли 2018 бо ибтикори Пешвои муаззами  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар тобеияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) таъсис ёфтааст. Инак аз оғози фаъолият то  инҷониб маркази зикршуда таҳти роҳбарии олими маъруф, профессори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Абдулҳамид Қаюмов фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондааст.  Бояд гуфт, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ маркази номбурда ба як қатор дастовардҳои назарраси илмӣ-тадқиқотӣ ноил гардид.

Ҳамин тариқ, маркази мазкур тибқи оинномаи худ  фаъолияташро ба роҳ монда, ҳамзамон дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат ҳиссаи муносиби худро мегузорад.
Аз ҷумла, нуктаҳои асосие, ки имрӯз дар Паёми Сарвари давлат ироа гардид, ходимони Маркази зикршуда ба таври ҳамешагӣ сармашқи фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.