Ҷиҳати ободу зебо гардондани гирду атроф ва тозаю озода нигоҳ доштани биноҳои муассисаҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 18-уми декабри соли 2021 тибқи  супориши Раёсати  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология шанбегии умумӣ гузаронда шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳамаи кормандони  муассисаиҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар чорабинии ободонӣ кормандони Марказ саҳми  босазо гузошта, ҷӯйборҳои обравро  тоза, бехи дарахтон  ва гулу гулбуттаҳоро нарм намуда, заминҳоро ҳамвор  ва гирду атрофи бинои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Ҳамзамон  аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  ба миқдори зиёд дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуданд.

Аҳли Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла шанбегиҳо фаъолона ширкат варзида, чунин иқдомҳои некро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Инчунин тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ чунин корҳои ободониро тибқи нақшаи шанбегиҳои  ба тасвиб расондаи Марказ ба роҳ монанд.