ҚАРОРИ (РЕЗОЛЮТСИЯИ)

иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии илмӣамалӣ дар мавзӯи «Ҳолати кунунии пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ»

 (25-26 ноябри соли 2021, ш. Душанбе)

 

Мо иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати кунунии пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ», аз ҷумла намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон:

зарур мешуморем  омода намудани роҳҳо ва Консепсияи эълоншавии “ Соли 2025 – Соли ҳифзи пиряхҳо” ва таъини мушаххаси таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

бо дарназардошти  омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва идоракунии захираҳои об, энергетика ва дигар захираҳои табиӣ, рушди идоракунии об, энергетика, нақлиёт ва дигар инфрасохторҳо барои муқовимат ба чолишҳои афзоянда;

бо қайд намудани обшавии шадиди пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ; оқибатҳои манфии обшавии босуръати пиряхҳо, бо афзоиши истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ марбут аст; мавҷудияти об ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ; таҳдиди баландшавии сатҳи баҳр; зуд-зуд ба амал омадани ҳодисаҳои табиии обу њаво;

бо эътирофи саҳми мусбат дар омӯзиши вазъи пиряхҳо дар тағйирёбии иқлим, амнияти об ва ҳамкорӣ дар зерминтақаҳо, созишномаҳои мавҷудаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи созмонҳои минтақавӣ ва равишҳои пешрафта дар қонунгузории миллии кишварҳо;

бо таъкид ба сатҳҳои гуногуни рушди иқтисодӣ ва пешбурди ислоҳот, аҳамияти такмили заминаи ҳуқуқӣ, табодули иттилоот, равандҳои ҳамгироӣ, инчунин тавсия ва таҳкими механизмҳои муассири ҳамкорӣ ва дипломатияи обӣ, хусусан дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо, аз ҷумла тавассути тадбирҳои муҳофизати пиряхҳо, нақши пиряхҳо дар ташаккули ҷараёни дарёҳо, аҳамияти пиряхҳо ва қабати барф дар хоҷагии халқ ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим, инчунин дигар вазифаҳои нав.

таъкид карда, ки аҳамияти беҳтар намудани дастрасии аҳолии зерминтақа ба оби ошомиданӣ ва санитария, ҳифзи пиряхҳо, нақши пиряхҳо дар ташаккули маҷрои дарёҳо, аҳамияти пиряхҳо ва қабати барф дар хоҷагии халқ, ки шарти муҳимтарин ва зарурии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафи асосии конфронси мазкур эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва муайян намудани таҷлили ҳамасолаи  Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро муайян хоҳад кард.

таъкид менамоем, ки аҳамияти созишномаҳое ки дар натиҷаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи сатҳи олӣ оид ба об ва иқлим (02.11.2021) дар мубоҳисаи умумии 76-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24.09.2021) ва дар ҷаласаи якуми Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим дар шакли видеоконфронс (03.03.2021), бахусус масъалаҳои чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо аз обшавии шадид ва нопадидшавӣ пешниҳод карда шуд, ки соли ду ҳазору бисту панҷум (2025) Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» таъин карда шавад, аз ҷумла аҳамияти корҳои пайваста оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва ҳуқуқии доираи ин фонд бо назардошти манфиатҳои иштироки тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон;

муҳокима намудем, ки дар заминаи мушкилот ва хатарҳои обшавии пиряхҳои мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати кунунии пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ», ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки дар Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2025 пешбинӣ шудаанд, амали бештар фаъолро тақозо мекунад:

 

инчунин қайд намудем:

Пиряхҳо дар гардиши ҷаҳонии об ҷойи махсусро ишғол мекунанд. Пиряхҳо ҳиссаи асосии захирахои оби тоза мебошанд. Тақрибан 70% (24 000 000 км3) тамоми захираҳои оби тозаи сайёраро пиряхҳо ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки ин рақам барои дарёҳо 0,006% (2120 км3) мебошад. Маълум аст, ки бидуни ҳифзи пиряхҳо мушкилоти об танҳо бадтар мешавад.

Пиряхҳо дар ҷараёни ҷамъшавӣ ё обшавии яхҳо аккумулятсияи массаи бузурги обҳои яхкардашуда буда, тавозуни оби кураи заминро танзим мекунанд. Пиряхҳо дар режими табиии гидрологии дарёҳо, махсусан хангоми тағйирёбии дарозмуддат нақши муътадилкунанда мебозанд. Саҳми маҷрои пиряхҳо барои дарёҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои серобӣ 10-20%, инчунин  дар солҳои хушку, ҳиссаи онҳо то 70% меафзояд. Дар ин маврид пиряххо кафил буда, дар соли хушку гарм дар самти таъмини об накши калон мебозанд.

Пиряхҳо на танҳо нишондиҳандаи тағйирёбии иқлим, балки ба истилоҳ бойгонӣ низ мебошанд. Пиряхҳо палеоархиви калонтарин (ва аз ҳама хондашаванда) мебошанд. Хусусияти муҳими бойгонии пиряхҳо дар он аст, ки онҳо ҳавои қадимаро бетағйир нигоҳ медоранд. Вақте ки ях ба вуҷуд меояд, сӯрохиҳои байни кристаллҳо пӯшида мешаванд ва атмосфераи гузашта дар футурҳо ба таври доимӣ муҳр карда мешавад. Ба шарофати ин хосият омӯзиши ядроҳои ях аз Антарктида ва Гренландия барои аз нав барқарор кардани таърихи тағйирёбии ҳарорат, консентратсияи газҳои гулхонаӣ ва чанг дар атмосфераи Замин дар тӯли садҳо ҳазор ва миллионҳо сол кӯмак хоҳад кард. Ҳамин тавр, омухтани пиряхҳо ахамияти калони амалӣ дорад.

Пиряхҳо бо экосистема робитаи ногусастанӣ  доранд. Таназзули пиряхҳо ба муҳити зист ва инчунин ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Пиряхҳо дар мувозинати гармии сатҳи замин нақши бориз доранд. Мавҷудияти ях ё барф дар сатҳи замин албедои сайёраро низ  зиёд мекунад (ин қобилияти инъикоси нурҳои офтоб аст). Ва ин нишондиҳанда ҳар қадар баланд бошад, ҳарорати миёнаи рӯйи Замин ҳамон кадар паст мешавад. Бар замми ин, барои он ки сайёра ба гармхона табдил наёбад ва ҳарорати рӯйи замин ба арзишҳои фалокатбор наояд, сайёра ба манбаъҳои табиии сард ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки ҳоло тадқиқоти зиёд ба муҳофизат ва барқарор намудани пиряхҳо нигаронида шудааст.

Мусаллам аст, ки ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷунбишҳои нави умумиҷаҳонӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои дастаҷамъона ва амалҳои зарурӣ бо мақсади  ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва аз байн рафтани пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Иштирокчиёни конференсия гуфтахои боло, инчунин дигар чиҳатҳои асосии мубоҳисахоеро, ки дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ ва сессияхои тематикӣ барпо гардидаанд, ба инобат гирифта, расман ба суроғаҳои зерин муроҷиат мекунанд: cryos2021@gmail.com

– ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ҷиҳати такмили механизмҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ, ҷалб ва татбиқи технологияҳои пешқадам ва равишҳои навоварона дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, зиёд намудани маблағгузории чорабиниҳои марбут ба њифзи пиряхҳо, инчунин таҳкими ҳамкориҳои обӣ;

– ба муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои донор ва дигар шарикони рушд ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ноил шудан ба рушди устувор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирии ҳамаҷонибаи молиявӣ, техникӣ ва технологӣ аз ҷумла тавассути иштироки фаъолона дар ташкили Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо;

-ба намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати мусоидат ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби шарикони рушд ва сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

– ба муассисаҳои илмӣ-экспертӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иштироки фаъолона дар муҳокимаи мушкилоти пиряхҳо ва таҳияи ғояҳо, пешниҳодҳо оид ба якҷоя кардани кӯшишҳо бо ҳукумат, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли онҳо.

 

Иштирокчиёни конференсия инчунин қайд намудан:

– мо ҳамраъй ва омодаем, ки дар талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати бомуваффақият ташкил ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълоншавии “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъини мушаххаси Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо саҳм гузорем;

– тамоми ҷонибҳои манфиатдорро даъват ба идомаи машваратҳо, семинарҳо ва конфронсҳо дар доираи раванди омодагӣ ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо назари Созмони Милали Муттаҳид ва муайян кардани санаи таҷлили ҳарсолаи ин рӯз ва дигар форматҳои байналмилалӣ;

– қайд менамоем, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо таҷрибаи беназир ва мутахассисони ин соҳа метавонад як ниҳоди омодасозии эълони соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» гардад.

Иштирокчиёни конференсия ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироӣ ва меҳмондории самимӣ ва инчунин ба маъмурияти «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дигар шарикони рушд барои дар сатҳи баланд ташкил намудани конфронс ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кори пурсамар изҳори сипос баён мекунанд.

 

Қабул карда шуд.

26-уми ноябри соли 2021

ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон