Бахшида ба 27-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки аҳли кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро директори Марказ Қаюмов Абдулҳамид ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи 27 солааш ҳамчун нерӯи созанда ва бунёдкор фаъолият намудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ормонҳои халқро таҷассум намуда, ҳадафи асосиаш ҳимоя ва ҳифзи истиқлоли миллӣ, суботи сиёсӣ, сохти канстутсионӣ ва таҳкими ҳисси ватандустиву сулҳпарварӣ аст. Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди демократикунонӣ дар кишвар равнақи тоза гирифта, амалӣ гардида истодааст.
Бо боварии том метавон гуфт, ки бо ин фарзанди фарзонаи миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба қуллаҳои баланди музаффарият хоҳад расид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин кормандони Марказ оиди таърих ва ҳадафҳои Ҳизб суханронӣ намуданд.
Дар охири ҷаласа Директори Марказ Қаюмов Абдулҳамид кормандонро бо 27-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъда дар арсаи сиёсат муваффақиятҳои нотакрор ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи бепоён таманно намуданд.