Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27.03.2021, таҳти рақами 88 ҷиҳати татбиқи “Нақша-чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”, ҳамзамон эълон гардидани “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин дастуру супориш ва иқдомҳои оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шарикони рушд рӯзҳои 25-26 –уми ноябри соли равон, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҳолати имрӯзаи пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ” доир гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории конференсия: иттилоотонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҳолати воқеии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар самти минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба омӯзиши нави инноватсионии пиряхҳо, барпо намудани платформаи илмии мубодилаи ахбороти илмӣ дар бораи вазъияти пиряхҳо ва кор карда баромадани тадбирҳои коҳиши хавфи таркиши кӯлҳои пирях ва ҷараёни гидрологӣ, таҳияи Консепсияи эълоншавии “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва муайян намудани санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки дар конференсия, ки тайи ду рӯз бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва олимону муҳаққиқони ватанӣ доир гардид, мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар рафти конференсия перомуни ҳолати воқеии криосфера, яхбандӣ, пиряхҳо ва захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ, усулҳои муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ, офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва роҳҳои кам кардани хисорот, усулҳои гидрохимиявӣ, радиоизотопии омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва яхҳои обшуда, таъсири омилҳои экологӣ, санитарӣ ва антропогенӣ ба пиряхҳо ва қабати барф дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан рафт.
Ҳамзамон, дар кори конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад, намояндаи ЮНЕСКО дар Алмаато Кристина Товмасян ва инчунин намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар иштироку суханронӣ намуданд.
Конференсияро директори Муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба вазъи воқеии пиряхҳо, таъсири гармшавии глобалӣ ба раванди обшавии пиряхҳо суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо бо дастгирӣ ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, барои минбаъд пеш бурдани тадқиқоту экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳамзамон омода намудани мутахассисони соҳа нақши калидии худро дорад.
Инчунин дар рафти конфронс олимону муҳаққиқони хориҷӣ аз давлатҳои Швейтсария, Бавария, Австрия, Канада, Италия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия ва Қазоқистон низ тариқи онлайнӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, гурӯҳи олимон аз Швейтсария аз дастовардҳои экспедитсияи соли 2011, ки дар болооби дарёи Сурхоб доир гардида буд маърӯза карданд. Тибқи таҳлилҳо пиряхи Қизилсӯ имрӯзҳо дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дорад. Инчунин, намояндаи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва намояндаи Швейтсария дар маърӯзаи худ қайд карданд, ки селе ки рӯзи 14 – уми июли соли 2021 дар минтақаи Лахш ба вуқуъ пайваста буд, боиси кандашавии ҳавзи пиряхи Барилмас мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо шоридани сел ҳамагӣ 15 дақиқа ба қайд гирифта шуда бошад, хисорот аз он ба маблағи 20 миллион сомониро дар бар мегирад. Таҳлилҳои ба даст овардаи коршиносони хориҷӣ ва олимони тоҷик далели он аст, ки селфароиҳое, ки дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, боиси ба ҳалокат расидани 12 нафар одамон мебошанд, ки саривақт ба қайд гирифта нашудааст. Сабабаш дар он аст, ки дастгоҳҳои мушоҳидавие, ки дар баландии 2000 метр ҷойгиранд, аммо боришот дар моҳи июл дар баландии 3-3,500 метр ба қайд гирифта шудааст. Олимон ба хулосае омаданд, ки бояд дастгоҳҳои бақайдгирии боришот ва гидрометеорологӣ то баландии 3,500 – 4000 метр гузошта шаванд.
Дар ин самт низ Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо шарикони рушди устувор аллакай чунин дастгоҳҳоро дар болооби дарёҳои Сурхоб, Хингоб ва Варзоб насб намуданд, ки ин раванд, имконият медиҳад, ки боришотро ба қайд гиранд.
Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд карда бунданд, ки бо ширкати шарикони рушди устувор экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ташкил карда шаванд.
Зимни баргузории конференсия дар баромади худ Кристина Товмасян намояндаи ЮНЕСКО дар Алмаато доир ба саривақт ва пурмуҳтаво баргузор намудани чунин конференсия дар сатҳи байналмилалӣ ба директори марказ Абдулҳамид Қаюмов изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки масъалаи гармшавии глобалӣ ва таъсири он ба пиряхҳо ҳоло ба масъалаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, имрӯз ягон қишри ҷомеа дар ҳалли он бетараф буда наметавонад.
Рӯзи дуюми конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ конференсияро оғоз бахшида, қайд кард, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” зодаи даврони истиқлол буда, аз рӯзи таъсисёбии худ инҷониб бисёр корҳои наҷибу назаррасро ба субут расонида истодааст.
Мавсуф ташкил ва баргузории конференсияи мазкурро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷумла онро низ яке аз иқдомҳои наҷибу навбатии Марказ номида, дастур дод, ки чунин конференсияҳо минбаъд низ ҳар сол таҷлил карда шаванд.
Ҳамзамон академик Фарҳод Раҳимӣ Феҳристи тозанашри “Атласи пиряхҳои Тоҷикистон”-ро ба аҳли ҳузур муаррифӣ намуд. Феҳристи мазкур маълумот оид ба вазъи муосири пиряхҳоро фаро гирифта, инчунин маҷмӯа раванди коҳишёбии пиряхҳо дар 50 соли охир шарҳу тавзеҳ медиҳад. Инчунин қайд гардид, ки 12 ҷилди феҳристи пиряхҳо, ки дар асоси тадқиқоти бунёдӣ (фундаменталӣ), экспедитсионӣ ва истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва инчунин аксҳои моҳворагӣ иборат аст айни замон мавриди коркард дорад.
Бар замми ин дар рафти ҷамъомад ба иштирокчиён дастури “Феҳристи истилоҳоти пиряхшиносӣ”, ки ба қарибӣ аз ҷониби муаллифон профессор Абдулҳамид Қаюмов ва ходими калони Марказ Убайдулло Убайдуллоев интишоршуда рӯнамоӣ ва тақдим гардид.
Истилоҳоти дар ин китоб овардашуда барои истифодаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод мешавад, ки минбаъд метавонанд фақат ҳамин истилоҳотро истифода намоянд.
Дар ҷараёни конференсия дигар кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба масъалаҳои тавозуни вазни пиряхҳо, обшавӣ ва нест шудани як қисми пиряхҳои Тоҷикистон бо маърӯзаҳои илмӣ фаъолона баромад карданд.
Дар фарҷоми конференсия маводи пешниҳодшудаи иштироккунандагон муҳокима гардида, иштирокчиён ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Профессор Абдулҳамид Қаюмов дар анҷом барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар конференсия ба кулли иштирокчиёни чорабинӣ арзи сипос намуда, дархосту пешниҳодҳоро бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамузви дохилию хориҷӣ иброз дошта, зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд боиси рушду инкишофи корҳои экспедитсионӣ ва илмӣ хоҳанд гардид.
Нимаи дуюми рӯзи 26-ум конфронси махсус барои муҳаққиқону олимони ҷавон ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ низ олимони ҷавон бо маърӯзаҳои илмӣ марбут ба масоили яхбандӣ, пиряхҳо ва криосфера назди ҳозирин фаъолона баромад намуданд.