Имрӯз дар Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аҳли кормандон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рузи  Парчами давлатӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Директори Марказ Қаюмов Абдулҳамид ифтитоҳ бахшида, иброз намуданд, ки Парчами миллӣ ҳамчун ифодагари рамзи давлату давлатдорӣ дар таърихи ҳукуматдории тоҷикон мавқею мақоми хоссаро соҳиб буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ зиёда аз 4000 солаи худро дорад.

Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ 9-сентябри соли 1991 кишвари соҳибистиқлоламон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардид, ки ин руйдоди ҷадиди таърихӣ боиси ифтихори ҳамешагии мо мебошад.

Баъдан  ба аҳли иштирокчиён филми таҳиянамудаи  Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон оиди аз тарафи профессор Абдулҳамид Қаюмов  барафрохтани парчами миллии Тоҷикистон дар қитъаи шашуми Антарктида намоиш дода шуд.

Қаюмов Абдулҳамид қайд намуданд, ки барои ман ҳамчун шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол боиси ифтихору сарфарозист, ки 6-уми январи соли 2009 бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар қитъаи шашум-Антарктида барафрохтам. Ин хушбахтии бузург аст, зеро на ба ҳар кас муяссар мегардад.

Дар фарҷоми ҷаласа Директор Марказ Абдулҳамид Қаюмов ҳамаи кормандони Муассиса ва инчунин сокинони кишварро ба муносибати рузи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландӣ  ва рузгору осударо таманно намуданд.