24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН  ТОҶИКИСТОН!

Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ мавриди истифода қарор мегирифт. Тоҷикон низ яке аз куҳантарин халқҳои Осиёи   Марказӣ ба шумор рафта, дар  тамаддуни умумибашарӣ нақши барозандаи худро доранд. Давлатсозӣ ва давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик низ таърих ва суннати куҳанбунёди худро дошта, аҷдодони онҳо аз замонҳои қадим  парчамдору парчамбардор будаанд ва дар адабиёти бостонию пурғановати миллат он бо номҳои дирафш, алам ва парчам ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиёнӣ» ном дошт.

Парчами миллӣ ҳамчун ифодагари рамзи давлату давлатдорӣ дар таърихи ҳукуматдории тоҷикон мавқею мақоми хосаро соҳиб буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи зиёда аз 4000-солаи худро дорад.

Хушбахтона, ба шарофати ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардид, ки ин рӯйдоди ҷадиди таърихӣ боиси ифтихори ҳамешагии мо маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ гувоҳ аз рамзи Истиқлол ва соҳибихтиёрии давлату давлатдорӣ буда, симои воқеӣ ва таърихиро ифода менамояд. Парчам дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву Истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, ҳамзамон баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин масъалаи тасдиқи рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва инчунин Нишону Суруди миллӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи вакилону иштирокчиёни иҷлосия қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо Фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро ҳамчун   «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омўзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст,ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.

Ин аст, ки Парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то ҳоло дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.

Ранги сурх– мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият.

Ранги сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ.

Ранги сабз– саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан.

Ҳафт ситора–7 иқлим,7 табақаи осмон,7 ситораи бародарон, 7 рӯз.

Лозим ба тазаккур аст, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ба ақидаи олими бузурги рус В. Саприков бошад, ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамояд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии худ рӯзи 24-уми ноябри соли 2019 гиромидошти Парчами миллиро таъкид карда, чунин қайд карда буданд: “Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад.

Ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ва ба Истиқлолу Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.

Аз ҷумла, барои ман ҳамчун шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол боиси ифтихору сарфарозист, ки 6-уми январи соли 2009 бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман дар қитъаи шашумАнтарктида барафрохтам. Бинобар ин ман худро яке аз хушбахттарин инсонҳо рӯйи олам меҳисобам, зеро ин дастовард на ба ҳар кас муяссар мегардад.

 

ДАР ФАРҶОМ ҲАМАИ КОРМАНДОНИ МУАССИСА ВА ИНЧУНИН КУЛЛИ СОКИНОНИ КИШВАРАМОНРО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САМИМОНА ТАБРИК ВА ТАҲНИЯТ ГУФТА, БАРОЯШОН МЕҲРУ МУҲАББАТ, ФАЙЗУ БАРАКАТ ВА РӮЗГОРИ ОСУДАВУ ГУЛГУЛШУКУФОИИ ҶОВИДОНАРО ТАМАННО МЕНАМОЯМ.

 

 

Абдулҳамид  ҚАЮМОВ,

академики Академияи байналмилалӣ оид ба бехатарии ҳаёт,  

академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

профессор, директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази

омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»