ПЕШВОИ РАҲНАМОИ МО.

Марҳалаи тақдирсозу фаромӯшнопазир дар ҳаёти миллати тоҷик ин қабл аз ҳама ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки он санаи мубораки  9-уми сентябри соли 1991-ро дар бар мегирад.Дар ин давра, яъне дар зарфи чоряк аср мо таҳти ҳидояту сарварии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба як идда созандагию бунёдкориҳо даст задем, ки ҳамаи онҳо ба шарофати ин абармарди арсаи сиёсат ба вуқуъ пайвастанд, ки  хотирмону ҷовидонӣ маҳсуб меёбанд.

Зимнан бояд гуфт, ки чор ҳадафи асосии пешгирифтаи Сарвари маҳбуби кишвар: раҳоӣ аз бунбасти  коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикию амнияти озуқаворӣ ва инчунин саноатикунонии босуръат мебошанд, ки имрӯзҳо марҳала ба марҳала феълан амалӣ гардида истодаанд.

Айни замон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати  морозиёда аз 150 кишвари олам расман эътироф кардаанд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо кишварҳои бешумор  Аҳдномаҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баста, инчунин дар  аксар мамлакатҳои дунё намояндагиҳои дипломатии худро кушодааст. Ҳамзамон аъзои якчанд созмонҳои зиёди бонуфузи байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони ЭСКАТО, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ва ҳоказои дигар мебошад. Ҳамзамон дар кишварамон фаъолияти намояндагиҳои Бонки рушди Осиё, Фонди байналмилалии  асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Оғохон, Бунёди мадад-Фонди Сорос гувоҳи он аст, ки  роҳи  пешгирифтаи  ислоҳоти иқтисодии миллиамон ва дастовардҳои иқтисодию фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ва пайваста  дастгирӣ меёбанд. Аз ин лиҳоз, аксар кишварҳои  мутараққии олам ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии моро низ пурра дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд. Сиёсати дарҳои кушод ҳам имрӯз яке аз ҳадафҳои асосию пешгирифтаи роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Воқеан ҳар гоҳе, ки ба гузаштаи начандон дур назар меафканем, пеши чашм симои марди хираду сиёсат, роҳбари Худодод ва нотакрор, абармарди дурандеш ва ғамхору дилсӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  падид меояд, ки  пайваста бо талошу бедорхобиҳояш ба ин гуна дастовардҳою комёбиҳои муваффақонаи худ шуҳраи  офоқ гардидааст. Ҳамаи ин аз баракати сулҳу салоҳ ҳамдигарфаҳмию муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ  маншаъ мегиранд.

Лозим ба тазаккур аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санаи 9-уми сентябри соли 1991 ва имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҳамагон ба Сарвар ва  поягузори ин ваҳдати деринтизору сартосарӣ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукронаву сипосгузорӣ менамоянд, ки  мардумро ба парастиши сулҳу ваҳдат ва муттаҳидию сарҷамъӣ ва дӯстию бародарӣ  ҳидоят намуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвою раҳнамои худро дорад. Президенте, ки пайваста аз пайи ободии мулк, бунёдкориву созандагӣ, беҳбудии рӯзгори ҳамватанон буда, забони модарияшро ба минбарҳои баланди ҷаҳон баровард, тоҷику Тоҷикистониёнро ба ҷаҳону ҷаҳониён чун миллати тамаддунофару бузургманишу озодазодагон муаррифӣ кард. Бо эъмори роҳу шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳо мулкро аз бунбасти маҳдудиву сарбастагӣ ба ҷаҳони бекарон раҳнамун сохт, сохтмонҳои бузурги асрро оғоз бахшид, симои пойтахтро ба куллӣ тағйир дод.

Маҳз натоиҷи ҳамин саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллатамон буд, ки зиёда аз як миллион гурезаҳо ба Ватани аҷдодии худ баргашта пайи обод намудани манзили аҷдодии хеш шуданд. Ин гуна иқдоми наҷибу формулаи сулҳовариву сулҳофарии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври объективона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо арзёбӣ гардида, боз як бори дигар тоҷиконро чун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намуда, мақому манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам болову воло бардошт.

Натиҷаи талошу бедорхобиҳои ин ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва фидоии миллату Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ки ниҳоят санаи 27-уми июни соли 1997  ба имзо расидани Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, феълан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт гардида аст.

Абдулҳамид ҚАЮМОВ, профессор