ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2021 бо иштироки олимони хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Шветсария, Австрия, Англия, Латвия ва инчунин гурӯҳи ходимони илмӣ-олимону муҳаққиқони ҷавони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ вобаста ба иҷрои паёмадҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истифодаи усулҳои муосири сатҳи байналмилалӣ оид ба омӯзиши коҳишёбии пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим” дар толори маҷлисгоҳи Маркази давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки Конфронси сатҳи байналмилалӣ дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории маркази мазкур тибқи Созишномаи ҳамкориҳо ҷиҳати гузаронидани экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси ҳамкориҳои муштарак бо шарикони рушди устувор доир гардид. Аз ҷумла, бо Департаменти илмҳои геоинформатсионии Донишгоҳи Фрибурги Шветсария, Институти федералии таҳқиқотии илмии Шветсария ва Институти таҳқиқоти барф ва тармаи Шветсария, ки ба нақша гирифта шуда буд, баъд аз баргузорӣ ва омӯзиш аз манотиқи Хингоби ноҳияи Сангвор ва инчунин пиряхҳои мавзеи Якарча воқеъ дар дар болооби дарёи Варзоби ноҳияи Варзоб ва пиряхҳои Қизилсӯ ва Баралмоси болооби дарёи Сурхоби ноҳияи Лахш, пиряхи Зулмарт дар ҳавзаи Кӯли Қарокӯл воқеъ дар Помири Шарқӣ, ки дар асоси ҳамкориҳои байналмилалӣ бо иштироки олимон аз мамолики хориҷа даъват шуда буданд ҷамъбаст гардида, аз натиҷаи он масъулин назди ҳозирин дар рафти ҳамоиш муфассал гузориш доданд.
Директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, академики Академияи байналмилалӣ оид ба бехатарии ҳаёт, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳамоиши байналмилалиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, олимони пиряхшиноси хориҷӣ, ки тибқи лоиҳаи корӣ соли ҷорӣ барои насб намудани дастгоҳҳои худкор (автоматикӣ) ҳамроҳ бо олимони марказ, ки дар якчанд экспедитсияҳо иштирок карда буданд, баъди санҷиши дастгоҳҳои насбкардаашон ва инчунин озмоиши ҳолати кори онҳоро муайян намуда буданд, дар ҷараёни ҳамоиш ширкат варзида оид ба натоиҷи баргузории экспедитсияҳо аз манотиқи мазкур назди ҳозирин маълумоти мухтасар доданд. Ҳамзамон кормандони маркази номбурда оид ба рафти иҷроиш ва натоиҷи дастовардҳои илмии худ баромад намуданд.
Бояд иброз дошт, ки насби чунин дастгоҳҳо дар болообҳои дарёҳои Хингоби ноҳияи Сангвор ва Майхӯра-пиряхи Якарчаи ноҳияи Варзоб ва инчунин дар пиряхҳои мавзеъҳои Қизилсӯ ва Баралмоси ноҳияи Лахш сурат гирифта буданд, перомуни фаъолияти кории дастгоҳҳои дар минтақаҳои мутазаккир насбшуда иттилоъ доданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки асбобҳои мушоҳидавие, ки дар болооби дарёи Сурхоб дар пиряхи Баралмос насб карда шуданд кандашавии ҳавзи яхин ва ба амал омадани сели яхинро ба тариқи воқеъӣ сабт менамоянд. Мувофиқи нишондоди дастгоҳҳои худкор (автоматикӣ) дар давоми 20 дақиқа 40 километри мукааби об аз ҳавзаи яхин канда шуда ба қисмати поён селоб шуда фаромадааст, ки боиси вайрон шудани қисмати шоҳроҳ дар ноҳияи Лахш гардидааст, ки хисорот мувофиқи маълумоти идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ зиёда аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.Иштирокчиёни экспедитсияҳои минтақавӣ иброз доштанд, ки соли 2021 чунин ҳодиса дар ин манотиқ маротибаи чорум ба қайд гирифта мешавад.
Солҳои охир дар ин мавзеъ сар задани селҳои яхин рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд. Барои пешгирии роҳҳои кам кардани хисорот аз селу тармафароӣ ва кандашавии ҳавзҳои яхин бояд экспедитсияи махсус бо кормандони дигар вазорату идораҳо гузаронида шавад ва инчунин ҳавзҳои яхини минтақаи мазкур зери назорати доимии фосилавии ба тариқи зондиронӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гирифта шаванд.
Дастгоҳҳои мушоҳидавӣ дар баландиҳои 3500-4000 метр насбшуда гувоҳӣ медиҳанд, ки боришот воқеан дар ин баландиҳо ба қайд гирифта шудааст, дар ҳолате, ки дастгоҳҳое, ки онҳо дар баландии то 2000 метр ҷойгиранд боришотро мушоҳида нагирифтанд. Бояд ба ҳолати мазкур диққати махсус дод. Зеро аллакай дар мавсими имсола аз сабаби селфароӣ дар ҷумҳурӣ то ин муддат зиёда аз 10 нафар одам талаф ёфтааст.
Олимон иброз доштанд, ки морена (тӯдаи пораҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва сангҳо, ки аз болои кӯҳ тавассути ҳаракати пиряхҳо мефароянд ба мисоли сангу шағал ва хоку қуме, ки қисми пиряхро рӯйпӯш мекунанд) як намуди тариқи муҳофизати пиряхҳо мебошад, дар қисми пиряххое, ки он ҷо морена ғафстар аст аз моҳи июл то моҳи сентябр кам коҳиш ёфтаанд.
Дар қисми дуюми Конфронси байналмилалӣ ҳамзамон баъзе корҳои илмӣ-амалӣ гузаронида шуд, ки иштирокчиёнро бо тариқи гузаронидани мушоҳидаҳои муосир бо истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон шинос намуданд. Инчунин тарзи сохтани моделҳо оид ба омӯзиши коҳишёбии пиряхҳо ва ҳолати гидрологии дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд дар шароити тағйирёбии иқлим ба иштирокчиёни конференсия омӯхта шуд.
Сипас, иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки чунин экспедитсия баъди солҳои 50-уми асри гузашта (соли 1957-Соли байналмилалии геофизикӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба доир гардидааст. Таҷҳизоти замони муосир барои омӯзиши ҳарорати ҳаво, боришот, радиатсияи офтоб, раванди обшавӣ ва ҳаракати пирях, ҳолати гидрологии кӯлҳои пирях, обҳои ҷоришаванда аз пирях насб карда шудаанд.
Таҷҳизоти насбшуда ба таври пурра имконият медиҳанд, ки давраи аблятсионии пиряхҳо ҳаматарафа ва дақиқ омӯхта шаванд ва инчунин аҳаммияти моренаи болои пиряхбударо дар давраи аблятсионӣ дар муқоиса бо дигар пиряхҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Ҳимолой ва Ҳиндукуш ҳамаҷиҳата метавон ҳаллу фасл намуд.
Дар анҷоми ҷаласа зимнан якчанд адад дастгоҳҳои мушоҳидакунанда ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шуд, ки ин минбаъд ба муассисаи мазкур имкон медиҳад, ки тадқиқоти худро ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ монад.
Неруи илмии техникии Маркази омӯзиши пиряхҳо ва дар маҷмӯъ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо чунин таҷҳизот ва дастовардҳо илмӣ метавонад илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо муаррифӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаи омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Ҳамин тариқ, ҳамоиши мазкур бо иштироки олимони хориҷӣ аз кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Шветсария, Австрия, Англия ва Латвия дар сатҳи баланд баргузор гардида, умед ҳаст, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар асоси ҳамкориҳои муштараки нақшавӣ идома хоҳанд ёфт.