Имрӯз дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо иштироки аҳли кормандони Муассиса чорабинии тантанвї бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Директори Муассиса профессор Абдулҳамид Қаюмов доир ба бурду бохт ва дастовардҳои даврони Истиқлол суханронї намуда, иброз доштанд, ки мардуми Тоҷикистон ҳар сол чун аъана санаи 9 – уми сентябрро ҳамчун рӯзи Соҳибистиқололии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо ҷашн мегиранд. Истиқлолияти давлатии ифодагари муборизаҳои чандинасраи миллати тоҷик баҳри ободию осоиштагии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон мебошад. Мардуми тоҷик 30 қабл дар як даврони ҳассосу нобасомон қарор доштанд. Баҳри ба ватан баргардонидани мардуми парешон (гурезаҳо), сохтани давлати мустақили соҳибтамаддун, ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллї, қадр намудани ашхоси фидоии миллат, пос доштани хотираҳои ниёгон, эҳтиром гузоштан ба арбобони илму техникии тоҷик ва қаҳрамонони миллат кори басо мушкил буд. Аз ин хотир барои Тоҷикистон азизамон Сарвари хирадманде чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лозим буд, то ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳони муаррифї намояд. Сарвари давлат ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш «Истиқлолият» – ро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик меноманд. Соҳибистиқлолиро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон номидаанд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Хушбахтона, тӯли 30 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мо гардидааст, натиҷаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории навини мардуми кишвар мебошад. Ифтихор аз он дорем, ки ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаем.
Яке аз арзишмандтарин меваи «Истиқлол» ин «Ваҳдати миллї» мебошад, бо талошу заҳмат ва ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатамон санаи 27 июни соли 1997 ба ҳалқи азиаткашидаи тоҷик муяссар гардид. Дар ин рузи муборак ва тақдирсоз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва ва ин санаи таърихиро Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» эълон намуданд. Мусаллам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзанд ва барои насли оянда чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод месозанд.
Аз ин рӯ, бақои истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои он барои мо тоҷикистониён вазифаи ҷонӣ мебошад. Зеро ҳамаи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони фарзандони мо аз ҳолати ҳимоятшавандагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.
Бояд қайд намуд, ки таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар асоси иқдомҳои хирадмандона ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои муҳими соҳа буда, яке аз дастовардҳои бузург ва муҳими даврони Истиқлол ба шумор меравад. Хушбахтона, тули фаъолияти пурсамар дар Муассиса таҳқиқотҳои илмии назаррас доир ба ҳалли мушкилоти об, таѓйрёбии иқлим ва ҳолати кунунии пиряхҳо ба даст омадаанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо кормандони азиз ва дар чеҳраи Шумо тамоми мардуми заҳматкашӣ ҷумҳурии Соҳибистиқлолро ба муносибати ин Иди Фархунда муборакбод мегуям!
Бо эҳтиром,
директор профессор, А.Қаюмов