Доир ба вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба
Рӯзи ҷавонон, 21.05.2021 сол
Директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”
Профессор Қаюмов А.
Ҳамасола 23-юми моҳи май Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳими кишвари соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил мекунад ва ба муносибати он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кули ҷавонони кишварро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд, табрик менамоянд. Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардидааст. Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷӯҳ ва назорати доимии ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Ҳадафи бузурге, ки ҳукумати кишвар назди худ гузоштааст, ин ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон мебошад, зимнан ин амал ба ҷавонони мо марбут буда, аз омодагӣ ва азхуднамоии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин омӯхтани забонҳои хориҷӣ вобастагӣ дорад. «Мо дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро марому мақсаду мароми худ қарор додаем»… «Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем», иброз дошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии худ бо ҷавонони мамлакат.
Ҳамчунон дар ҷараёни мулоқот бо ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, танозули пиряхҳои ҷумҳурӣ ва саросари ҷаҳон суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 км дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як км ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 км мукааб ихтисор шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳои мамлакат дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ лозим омад, ки дар заминаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси Маркази илмӣ оид ба таҳқиқи ҳолати захираҳои обии кишвар ва пиряхҳо созмон дода шавад.
Яке аз вазифаҳои меҳварие, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташкил намудани Марказ гузоштааст, ин дар асоси тадҚиҚотҳои бунёдӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ, даҚиҚ муайян кардани шумора, масоҳат, ҳаҷм ва раванди коҳишёбии пиряхҳо дар шароити таѓйирёбии иҚлим дар Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Қобили қайд аст, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи навбатии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми декабри соли 2017, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 162 ва Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23 – юми апрели соли 2018, дар назди Академия таъсис ёфтааст, ки дар ҳаёти стратегии кишвар воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки 70 дар сади кормандони Марказро маҳз ҷавонон ташкил дода, таҳқиқотҳои амиқи илмӣ ва бунёдиро вобаста ба омӯзиши ҳолати ин ганиҷинаи нодиртарини табиат – яъне пиряхҳо ба роҳ монда, дар кору фаъолияти ин даргоҳи илм саҳми назаррас зоҳир менамоянд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки “Ҳамчун бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020-2040 заминаҳои ҷалби бештари ҷавононро ба самтҳои мазкур фароҳам овард. Мусаллам аст, ки насли соҳибмаърифату донишманд муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифати миллат мебошад. Мо, ҳамчунин, бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯз дар кишварармон олимону донишмандони содиқ ба илм зиёданд ва ҷавонони боистеъдод бо пайравӣ аз онҳо ба роҳи илму ҳунар бо ҷасорати хосса ворид мегарданд… ”.
Бо истифода аз нерӯ ва иқтидори ҷавони Марказ ва замони ниҳоят кӯтоҳ кормандони ҷавони МДИ “Маркази омӯзиши пиряҳои АМИТ лоиҳаи Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 12 ҷилд аз ҷиҳати техники омода намуданд, ки дар он мавқеъ ва ҷойгиршавии пиряхҳо ва шумораи онҳо муайян карда шудааст, инчунин аввалин маротиба расми рангаи ҳар як пиряхи коҳишёфта бо нишондодҳои ҷуғрофӣ ва ҳаҷми коҳишот бо формати HD оварда шудааст.
Дар маҷмӯи мухтасари Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои умумӣ оид ба ҳолати пиряхҳо, шумора ва ҷойгиршавии онҳо дар ҳавзаҳои дарёи Оби Хингоб, Сурхоб, Панҷ, Кофарниҳон, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Мурғоб, Панҷ-Қизилсу, Қароқӯл ва Зарафшон оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби кормандони ҷавони Марказ дар натиҷаи таҳлили аксҳои дастрасшудаи маҳворавӣ ва экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пиряхҳои нав, ки қаблан дар Атласи таҳияшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ набуд, ошкор гардиданд, ки ин ҳам дастоварди хубе дар бахши захираҳои обии мамлакат ҳисобида мешавад. Муҳтавои маҷмӯи маълумотҳо дастурест барои огоҳ намудани аҳли ҷомеа, сохторҳои давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳолати умумии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим, ки нигаронӣ ва таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овардааст.
Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагии дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Ин буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар мулоқоти якӯми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуданд, инчунин пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар ин замина Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Дар ҷараёни чорабинии ҷашнии ҷавонон таъкид шуд, ки барои бозёфтҳои инноватсионӣ ва навовариҳо имрӯзҳо бисёр кишварҳо техникаву технологияҳоро аз давлатҳои аз лиҳози илму техника пешрафта харидорӣ мекунанд, аз ҷумла Тоҷикистон низ. Баҳри пешрафти илм ҷавонони тоҷик, ки ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ҳастанд, дастовардҳои назаррасеро ноил гардидаанд.
Кормандони ҷавонони Марказ барои иҷроиши паёмадҳо ва супоришҳои Ҷаноби олӣ оид ба омузиш пиряхҳо ва захираҳои обӣ саъю кушиш намуда ва ҳамеша бо истифода аз иқтидори зеҳнии худ технологияҳои муосирро аз бар менамоянд ва тавассути барномаву моделҳои ҷадид, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ГИС-технология, зондиронии фосилавӣ, таҳлили умумии аксҳои моҳворавӣ – компютерӣ, баргузории экспедитсияҳои илмӣ дар баландиҳои то 5-6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр пажуҳиш ва таҳқиқотҳои илмиро оид ба омӯзиши пиряхҳо анҷом медиҳанд.
Бояд хотиррасон шуд, ки Марказ ба масъалаи мувозинаи гендерӣ, ки яке аз сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, фаъолияти густурдаи занонро дастгирӣ мекунад. Бонувони Марказ қариб, ки дар ҳамаи экспедитсияҳои илмӣ, озмоишҳои саҳроӣ вобаста ба омӯзиш ҳолат ва мониторинги пиряхҳо ширкат менамоянд. Мақсади асосии фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониши занон оид ба пиряхҳо буда, дар ин росто машғулияти амалӣ оид ба қоидаҳои бехатарӣ дар пирях гузаронида мешавад, аз қабили роҳҳои истифодаи таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ, наҷот додан ва тарзи роҳпаймоӣ дар минтақаҳои хатарафзои кӯҳӣ.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд “Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда” мебошад. Имрӯзҳо ҷавонони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ саҳми назаррас дошта, дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ фаъолона ширкат меварзанд.