Санаи 14 апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи илм” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Сараввал, бо сухани табрикотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Мавриди зикр аст, дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки Шабакаи нави телевизионӣ бо номи “Илм ва табиат” таъсис дода шуда, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва техникӣ ва технологиро дар ин шабака ба роҳ монанд ва ба ин восита омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Ҳамзамон, дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илмии ватаниву хориҷи кишвар ва ихтирооту навовариҳоро муаррифӣ намоянд.
Вобаста ба ин, дар қисмати охири ҷаласа кушодашавии шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” дар саҳни телевизиони навтаъсис баргузор гардида, сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд, аз он ҷумла Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон». Натиҷаи корҳои экспедитсионӣ оид ба омӯзиши қабат ва обнокии барф ва тармаҳо, ки дар аввали моҳи апрел анҷом дода шуда буд, ба маърази тамошо гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои илмӣ нишон доданд, ки дар моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2021 баландии барф нисбат ба солҳои қаблӣ кам аст. Ҳамзамон, нисбат ба меъёр ҳамагӣ 35-40%-ро ташкил медиҳад. Тармаҳое, ки дар охири моҳи марти соли равон фаромаданд, ҳаҷман калон буда, обнокии дарёҳоро таъмин менамоянд. Қабати барф дар баландии аз 3000 боло нисбат ба 2000 метр аз сатҳи барф зиёдтар ва устувортар мебошад.
Сипас, лентаи рамзиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бурида, таъсисёбии Шабакаи телевизионии “Илми ва табиат”-ро ба роҳбарияти Кумита, ҳайати эҷодиву техникӣ ва ҳар як иштирокчии маросим, инчунин ба тамоми алоқамандону муштариёни шабака табрик намуда, барои кормандони он муваффақиятҳои эҷодӣ таманно намуд.
Ин иқдоми нав ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат беҳтарин роҳнамо барои фаъолияти роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаии давлатии телевизиони “Илм ва табиат” буда, барои рушди минбаъда ва маҳбубияти шабака миёни ҷомеа нақши назаррас хоҳад гузошт.