Дар раванди иҷрои иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Об-сарвати бебаҳо дар дунё» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия коршиносон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ширкат варзида, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Қаюмов Абдулҳамид дар мавзӯи «Нақши «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар раванди иҷроиши ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши пиряхҳо» баромад намуда, қайд карданд, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар асоси ташаббусҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар соҳаи об ва ҳифзу нигоҳдории пиярхҳо таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин Боргоҳи илм ба роҳ мондани тадқиқотҳои бунёдӣ дар самти ҳифз, нигоҳдорӣ ва омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
Яке аз дастоварҳои назаррас он аст, ки Марказ соли 2019 ба «Системаи ягонаи ҷаҳонии Мониторинги пиряхҳо» шомил гардидааст. Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлате, ки тадқиқотҳои бунёдиро оид ба криосфера ва яхшиносӣ ба роҳ мондааст эътироф менамоянд.
Инчунин, Марказ ба Созмони умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ оид ба крисофера ворид гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии илмии Марказ Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ки аз 12 ҷилд иборат аст аз ҷиҳати техникӣ омода намудааст. Ҳоло дар марҳилаи верификация мебошад.
Марказ экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, дар давоми 3 соли фаъолияти худ 28 экспедитсия гузаронидааст. Кормандони Марказ ҳамасола аз 4 то 5 ҳазор км роҳро барои ба даст овардани маълумоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва қабатҳои барф тай мекунанд.
Инчунин, зимни суханронӣ профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз доштанд, ки Маркази мазкур дар омӯзишу таҳлили амиқи пиряхҳои Тоҷикистон, ки бевосита захираҳои оби тоза дар қаламрави ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд, саҳми босазое мегузорад. Қайд карданд, ки масъалаи боришоти ками барф дар солҳои охир, махсусан, охири соли 2020 ва аввали соли 2021, ки боиси нигаронии коршиносон аз коҳишёбии ин ганҷинаҳои бебаҳо мебошад, зери таваҷҷуҳи кормандони Марказ қарор дорад.
Доир ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар баромади худ 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ёдовар шуданд, ки ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо яке аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Иброз доштанд, ки дар радифи ин иқдомҳо зарурияти таъсиси Фонди махсус оид ба омӯзиши пиряхҳо ба миён омадааст. Дар ин раванд Марказ дастовардҳои назаррас дорад.
Дар соли 2018 бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дастурамали «Сандуқчаи иқлимӣ»- ро нашр намуд. Як бахши ин дастурмал «Иштироки бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳо, созишномаҳо, барномаҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии иқлим»-ро дар бар мегирад. Муҳтавои он пурра ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 равона гардидааст. Дастурамал дар сомонаи Марказ гузошта шуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд онро дастрас намоянд, зеро ин мавод дар раванди омӯзиши тағйирёбии иқлим, коҳишёбии манбаъҳо ва оби тоза ёрии амалӣ мерасонанд.
Дар бахши хотимавӣ аз ҷониби иштирокчиён саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас баргардонида шуд.
Чорабинии сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, кормандони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои дар замири хонандагон ҷой намудани ахамияти омӯзиш, ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.