Дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни Наврӯз ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардида, директори Марказ профессор Қаюмов Абдулҳамид кормандонро бо фарорасии ин ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, аз таърихи иди Наврӯз ёдовар шуданд. Маркази мазкур ин иди бузургро бо як рӯҳияи созандагӣ ва ифтихори миллӣ истиқбол гирифта, дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ тавонистааст саҳми худро гузорад.

   Профессор Қаюмов Абдулҳамид дар ҷаласа иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ҳамаҷониба талош менамояд.  Бояд гуфт, ки дар қатори дигар ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз  аҳамияти хоса дошта, миёни мардуми олам, аз ҷумла тоҷикон мақоми барҷаста дорад.

   Боиси ифтихор аст, ки соли 2009 бо дастуру супоришҳо ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ин ид ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО ворид гардида, 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи умумии СММ 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз эълон намуданд. Бо ин тартиб, шурӯъ аз соли 2011 иди байналмилалии Наврӯз дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

   Наврӯз, ки рамзи баҳор ва навсозист, ба сарзамини Тоҷикистон меояд. Имрӯзҳо мардуми мо дар шаҳру деҳот, боғҳои гулгун ва дар оғӯши табиат сайру тамошо намуда, Наврӯзи деринтизорро ҷашн мегиранд. Ин ҷашни миллӣ аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон ба шумор рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсоларо дорост. Фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор ба ҳамин рӯз рост меояд. Дар ҳақиқат ин ҷашни зебо дар инсон эҳсосоти беҳтаринро бедор месозад.

 

 

   Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии тозаистиқлоламон бо мақсади боз ҳам беҳтар ҷашн гирфтани иди Наврӯз, эҳёи суннатҳои қадимии мардуми Тоҷикистон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.

   Дар охири ҷаласа директори Марказ аҳли кормандон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик намуда, ба якояки онҳо рӯзгори хушу осуда, хонаободӣ, сарбаландӣ, сарзабзиҳои ҳаёт ва саодатмандиро таманно намуданд. Ҳамзамон, кормандони Марказ намоиши идона ороста, сурудхонӣ рақсу бозӣ ва хурсанди намуданд.