«Дар ҳама иқдом  ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст».

Эмомалӣ Раҳмон

 

   Маъмурияти Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бонувони Марказ, инчунин, бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар симои Шумо кулли  модарону бонувони кишвари азизамонро ба фарорасии Рӯзи байналмилалии модарон табрику таҳният менамояд.

   Дар оғози Баҳори Аҷам рост омадани Рӯзи байналмилалии модарон ва бонувон ин гувоҳи  бузургӣ, покӣ, самимӣ ва ҳалимию меҳрубонии онҳост. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ӯро дар оғуши гарму пурмеҳри худ бо ҳазорон нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва дар замири он эҳсоси садоқату самимиятро парвариш менамояд. Занону модарон дар пойдорӣ ва устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Занону модарон таҷассумгари забони  давлату миллатанд, чунки шинохти ҳар миллат аз забони давлатӣ – модарии он вобастагӣ дорад.

   Агар ба таърихи гузаштаи халқияти башар нигарем, маълум мегардад, ки на дар ҳама давра иззату эҳтироми зан ба дараҷаи аъло пазируфта мешудааст ва мақому манзалати он низ ба он қадар устувор ва шарафёб гардидааст.

   Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми Зан – Модар дар мадди аввали сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон қарор дорад.

   Занон ва бонувони тоҷик имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҷамъиятӣ фаъолияти пурмаҳсул дошта, теъдоди онҳо дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ назаррас аст.

   Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ворид гарданд.

   Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҷомае назаррас аст.

   Ҳамкасбони азиз, занону бонувони меҳрубон ва хоҳарони хушбахту сарбаландро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми модарони мӯнису ғамхор пеш аз ҳама саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоем.

Рӯзи Модар муборак, модарону бонувони азиз!

                                                                         Бо эҳтиром,

 директор,  профессор                                           Қаюмов  А.