Маъмурияти Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  кормандони муассиса ва дар симои онон кулли шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамояд.

           Воқеан 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба қуллаҳои баланд шарафёб гаштааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пншвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобанд. Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки бояд мо ба қадри он бирасем ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

          Бори дигар ин санаи фархундаро барои Шумоён хуҷастабод намуда,  бароятон сиҳат ва саломатӣ, сарбаландиву сарсабзӣ ва ободии рӯзгоро таманно менамоям.

Итминони комил дорам, ки аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо комёбию дастовардҳои назаррас ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хоса таҷлил хоҳем кард.

 Рӯзи Қуваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром, Директор, профессор                         Абдулҳамид Қаюмов