Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 –уми январи соли 2021 пешниҳод гардид. Паёми Президент ба Парлумон – муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.
Дар Паёми навбатӣ қайд карда шуд, ки «Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «Сабз» тақвияти бештар бахшад. Яъне дар шароити зудтаѓйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳафзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем». Вобаста ба нигарониҳои Ҷаноби Олӣ, моро лозим омад, ки ба сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат пайравӣ намуда, дар ошкор намудани далелҳои хурду тағйирёбии иқлим ва хисороти он ба захираҳои обии Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва омӯзиши илмии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо истифода аз технологияи муосири инноватсионӣ татбиқ намоем.
Тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти асосии асри XXI табдил ёфтааст, ки чанд соли охир оқибатҳои онро аҳолии дунё эҳсос карда истодаанд. Коршиносон гарм шудани ҳарорати ҳаво, кам шудани меъёри боришот нисбат ба 50-60 соли пеш, хушкшавии баҳру кӯл ва обшавии пиряхҳоро аз нишонаҳои асосии тағйирёбии иқлим арзёбӣ мекунанд. Об шудани пиряхҳо ва дар ин раванд паст шудани маҷрои оби рудхонаву дарёҳо боиси кам шудани киштзорҳо мешаванд, ки ин садамаи ҷиддӣ барои бахши иқтисодиёт ва иҷтимоиёти минтақа хоҳад буд. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои маҳдуди замин мебошад, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои об ҷиҳати таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба вижа коҳиши камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, инчунин тавсеи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.
Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёд ва боиси эҳё шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Ин аст, ки Муассисаи давлатии илмии «Омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» нисбат ба мушкилоти об ва сарчашмаҳои он бетафовут нест ва дар иҷрои барномаҳои соҳавии давлатӣ, ки аҳамияти стратегӣ доранд, саҳми беандоза дорад.
Тибқи иҷрои ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми декабри соли 2017, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 162 ва Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23 – юми апрели соли 2018, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар назди Академия таъсис дода шуд, ки дар ҳаёти стратегии кишвар воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид ба ҳисоб меравад. МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар ташкилотҳо ва сохторҳои хориҷӣ дар иҷрои таҳқиқотҳои илмӣ-бунёдӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити таѓйирёбии иқлим, доир ба таҳияи системаи баруйхатгирии пиряхҳои Тоҷикистон мутобиқи феҳристи пиряхҳо дар асоси технологияи геоинформатсионии муосир, инчунин оид ба мониторинги экспедитсионии пиряхҳои репрезентативӣ ва ҳаракаткунанда анҷом медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихи 26 декабри соли 2019 баргузор шуда буд, доир ба гармшавии иқлим ва таъсири он ба кишвар сухан ронда, аз ҷумла, таъкид карданд, ки «Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи пиряхҳо тадбирҳо андешида шаванд». Дар раванди иҷроиши ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти стратегӣ доштани пиряхҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва иҷрои бандҳои асосии “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Аз он ҷумла, яке аз дастовардҳои назаррас он аст, ки МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2019 ба “Системаи ягонаи ҷаҳонии Мониторинги пиряхҳо” шомил гардида, намояндагии онро аз тарафи Тоҷикистон профессор Қаюмов А. бар ӯҳда дорад. Ин нишони он аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлате, ки тадқиқотҳои бунёдиро оид ба криосферӣ ва яхшиносӣ ба роҳ мондааст этироф намуданд. То ин замон дар сомонаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ аз сабабаи набудани маълумот, ҳатто миқдори пиряхҳои Тоҷикистон нишон дода нашуда буд. Инчунин Марказ ба Созмони умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ оид ба Криосфера шомил буда, намояндаи он профессор Қаюмов А. таъин шудааст.
Дастоварди дигари МДИ “Маркази омӯзиши пиряҳои АМИТ” ин аст, ки аз тарафи олимони Марказ лоиҳаи Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 12 ҷилд омода шуд, ки дар он мавқеъ ва ҷойгиршавии пиряхҳо ва шумораи онҳо муайян карда шудааст, инчунин аввалин маротиба расми рангаи ҳар як пиряхи коҳишёфта бо нишондодҳои ҷуғрофӣ ва ҳаҷми коҳишот бо формати HD оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки “Маҷмӯи мухтасари Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи илмӣ-таҳлилӣ дар алоҳидагӣ барои чоп омода шуда аст. Дар маҷмӯи мухтасари Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои умумӣ оид ба ҳолати пиряхҳо, шумора ва ҷойгиршавии онҳо дар ҳавзаҳои дарёи Оби Хингоб, Сурхоб, Панҷ, Зарафшон, Кофарниҳон, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Мурғоб, Язгулом, Панҷ-Қизилсу, Муксу, Маркансу ва ҳавзаи кӯли Қароқӯл оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби кормандони Марказ дар натиҷаи таҳлили аксҳои дастрасшудаи маҳворавӣ ва экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пиряхҳои нав, ки қаблан дар Атласи таҳияшудаи Иттиҳоди Шӯравӣ набуд, ошкор гардид, ки ин ҳам дастоварди хубе дар бахши захираҳои обии мамлакат ҳисобида мешавад. Муҳтавои маҷмӯи маълумотҳо дастурест барои огоҳ намудани аҳли ҷомеа, сохторҳои давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳолати умумии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим.
Раёсати Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 269 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мунтазам мавриди иҷроиш қарор дода, ҳисоботҳои мушаххасро оид ба бандҳои он ба идораҳои марбута пешниҳод менамояд.
Инчунин дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 –уми январи соли 2021 пешниҳод гардид, ки “Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Хукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд” ва дар заминаи супориши мазкур МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ иҷрои корҳои илмиву таҳқиқотиро дар мавзӯъҳои “Коркарда баромадани Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи технологияҳои инноватсионии гео-иттилоотӣ” ва “Таҳқиқи тавозуни масса ва равандҳои коҳишёбии пиряхҳои пиряхҳои Помири Шарқӣ ва болооби дарёи Варзоб дар шароити тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар солҳои 2022-2026 анҷом диҳад.
Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” экспедистияҳои илмӣ-таҳқиқотии нақшавиро мусалламан бо истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин баргузор менамояд. Зеро ин технологияи инноватсионии муосир барои гузаронидани амалиётҳои таққиқотӣ барои муайян намудани ҳолати пирях хело муфид мебошад. Мувофиқи феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз 65 пиряхи ҳаракаткунанда, ки дар кӯҳҳои Осиёи Миёна вокеъ гардидаанд, 35 пирях дар Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Айни ҳол дар раванди тағйирёбии иқлим шумораи пиряхҳои ҳаракаткунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд зиёд шуданд. Ҳавзҳои яхини болои пиряхҳо ва назди пиряхҳо нисбат ба солҳои гузашта миқдоран ва ҳаҷман зиёд шуданд, ки хавфи зиёдеро ба минтақаҳои кӯҳӣ эҷод месозанд. Инчунин онҳо нишони боришоти аз ҳад ками барф дар ин минтақаҳо ва коҳишёбии пиряхҳои ин масирро дар раванди гармшавии глобалӣ муқаррар мекунанд.
Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» омӯзиши технологияҳои истифодаи усулҳои зеҳнии дурдаст барои бурдани таҳқиқот ва мониторинги пайдоиши пиряхҳо, барфпӯшҳо, яхбандӣ ва ғайра анҷом дода, омӯзиши ГИС-технология дар ҳамаи бахшҳои Марказ роҳандозӣ гардид. Одатан муайян намудани динамикаи пиряхҳо маҳз бо ҳамин усул, бо истифодаи ГИС-технологияҳо сурат мегирад ва дар ин замина хусусиятҳои пиряхҳо аз қабили ғафсии пирях, ҳаҷм, минтақаи забонаи он, нуқтаҳои аблятсионӣ ва аккумулятсионӣ омӯхта мешаванд. Чунин омӯзишҳо тариқи ГИС-технологияҳо имкон медиҳанд, ки андозаҳои пиряхҳо дақиқтар ва бо моделҳои махсус, инчунин ҳаҷми ҷисми ях чен карда шуда, ҳатто ғафсии ях ва шакли пирях тавассути маълумотҳои дурдаст муайян карда шавад. Барои баргузории таҳқиқотҳои экспедитсионӣ ниҳоят вақт маҳдуд мебошад ва бинобар ин анҷом додани экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ одатан аз нимаи моҳи июл то нимаи аввали моҳи сетябр муайян шудааст. Мусалламан барои муфассал омӯхтани масоҳати пиряхҳо як мавсими саҳроӣ кофӣ нест.
Марказ дар тули фаъолияти худ, солҳои 2018-2019-2020 мувофиқи нақшаи корӣ 28 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотиро анҷом додааст. Соли 2018 барои омӯзиши пиряхҳо – 5 экспедиция, соли 2019 – 12 экспедитсия ва айни ҳол -11 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотиро анҷом додааст.
Дар ҷараёни ироаи Пайёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем” ва дар ин масир омӯзиши ҳолати пиряхҳои мамлакат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Олимони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бо мақсади омӯзиши ҳолати коҳишёбии пиряхҳои водии Зарафшон давоми се соли охир экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотиро анҷом дода, иқтидори захираҳои обии дарёи Зарафшонро омӯхтанд. Бояд хотиррасон шуд, ки ҳолат ва масоҳати пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ имрӯзҳо аз ҷониби МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” комилан зери назорат қарор дошта, потенсиали бунёди НБО-ҳои хурду бузург дар назди олимони Марказ вазифагузорӣ шудааст, яъне МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар муносибатҳои минтақавӣ вобаста ба обҳои сарҳадгузар бе тафовут нест.
Хатари экологии гидросфера худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро оид ба амнияти зисти сокинони сайёра ба миён меоварад. Маълум аст, ки ягон давлат дар танҳоӣ, ҳатто бо андешидани тадбирҳои қатъӣ низ, дар мубориза бо таҳдидҳои экологӣ музаффару муваффақ шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт дар оянда бояд рушд ёбанд, қабули стратегияи экологӣ, аз ҷумла консепсия ва барномаҳои амалиёти муштарак аз ҷониби кишварҳо зарур мебошанд. Коршиносони тоҷик мутақиданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим муносибати хеле ҷиддӣ доранд ва барои мутобиқшавӣ ба он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар ин масъала дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Олимон низ аз рӯйи проблемаҳои экосистемаҳои кӯҳӣ ва соҳаи кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим фаъолона кор мекунанд.
Олимони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” азм намудаанд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бораи пиряхҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро оид ба арзёбии хатарҳо ва оқибатҳои тағирёбии иқлим дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд. Инчунин дар асоси таҳлилҳо баҳодиҳии нав ба ҳолати пиряхҳои ҳаракаткунанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро коркард намуда, ҷараёни коҳишёбии пиряхҳо муайян ва муқаррар намоянд. Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ, инчунин бо мақсади табодули маълумоти нави илмӣ ва истифодаи онҳо, бо Маркази умумиҷаҳонии пиряхҳо мубодилаи иттилоот барпо карда мешавад, ки барои равобити оянда дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ заминаи хубе хоҳад дошт.
Об дар меҳвари рушди устувор қарор дорад, яъне бе захираҳои обӣ ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор имконнопазир аст. Об бояд сарфакорона ва босамар истифода шавад, то ин ки рушди устувор таъмин гардад. Ҳамин тавр, истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик мусоидат хоҳад кард.