Бо Фармоиши директори
МДИ «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
аз 02.01.2019 № 13
тасдиқ шудааст
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Дастурамали вазифавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Дастурамал) ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
- Дастурамали мазкур ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
- Директорони муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
- Таъин намудан ба вазифаҳои муовини директор оид ба илм ва таълим, кормандони маъмурияти муассисаи илмӣ (аз ҷумла, кормандони муҳосибот), мудирони шуъба (озмоишгоҳ), ходимони илмӣ ва ҳайати ёрирасон тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи тартиби ишғоли вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда ва интихоби Шӯроҳои олимон дар институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2011, № 45 тасдиқ шудааст ва Оинномаи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- Ба вазифаҳои ходимони илмии муассисаи илмӣ бо риояи талаботи зерин таъин карда мешаванд:
– ба вазифаи котиби илмӣ, мудири шуъба (озмоишгоҳ) шахсони дорои унвони илмии доктори илмҳо, доктор ҳабилитат, номзади илмҳо ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос таъин карда мешаванд.
– ба вазифаи сарходими илмӣ танҳо шахсоне, ки дорои унвони илмии доктори илмҳо ё доктор ҳабилитат таъин мегарданд.
– ба вазифаи ходими пешбари илмӣ шахсоне, ки дорои унвони илмии доктори илмҳо, доктор ҳабилитат, номзади илмҳо ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос таъин карда мешаванд:
– ба вазифаи ходими калони илмӣ шахсоне, ки дорои унвони илмии доктори илмҳо, доктор ҳабилитат, номзади илмҳо ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос таъин карда мешаванд;
– ба вазифаи ходими илмӣ номзади илмҳо ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ҳадди ақали собиқаи кории илмӣ на кам аз 3 (се) сол бошад.
– ба вазифаи ходими хурди илмӣ шахсоне, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва лаёқати пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доранд, метавонад таъин карда шавад.
- Кормандони муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя мекунанд.
- Кормандони муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд талаботи техникаи бехатарӣ, талаботи зиддисӯхтор, Дастурамали либосҳои барои кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби воридшавӣ ба муассисаи илмӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ ва берун аз вақти кориро риоя намоянд.
- ҲУҚУҚ, УҲДАДОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАЗИФАВИИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Директори муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– дар асоси Оинномаи муассиса ба фаъолияти муассиса, аз ҷумла ба корҳои маъмурӣ, илмию-ташкилӣ, илмию таҳқиқотӣ, озмоишӣ, техникӣ-конструкторӣ, экспедитсионӣ ва ғайра роҳбарӣ мекунад.
– корҳои илмию таҳқиқотӣ, барои ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ, истифода бурдан аз лоиҳаҳои соҳавии ватанӣ ва хориҷии кишвар, омӯзиши технологияи навини нигоҳдорӣ, муҳайё намудани шароити корӣ барои ташаккулёбӣ ва беҳбудии корҳои таҳқиқотӣ кор мебарад.
– равияи фаъолияти илмӣ, техникӣ-конструкторӣ, нақшаҳои корҳои солона ва дурнаморо мутобиқи нақшаи муқарраршуда муайян менамояд ва барои мунтазам иҷро намудани кор ва нақшаҳои кори илмӣ шароит муҳайё месозад.
– барои бомуваффақият иҷро намудани масъалаҳои ба амал омада оид ба гузаронидани аппробатсия доир ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар амал, риоя ва дастгирӣ менамояд.
– ба захираҳои моддиву молиявии муассисаи илмӣ масъул мебошад ва таъмини баланди сарфакории хароҷот, истифодаи оқилона ва мақсадноки онҳоро, ҳисобу китоби маблағҳои буҷетӣ ва суратҳисоби махсусро назорат менамояд.
– мутобиқи қонунгузории меҳнатӣ, кормандонро ба кор қабул мекунад ва аз кор озод менамояд, барои ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани корманди муассиса хулоса мебарорад.
– робитаҳои илмиро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ ва марказҳои бонуфузи соҳавии дохилӣ ва хориҷи кишвар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
– барои иҷрои меҳнати сермаҳсули кормандон ёрии амалӣ мерасонад. Баланд бардоштани равиши самараноки корҳои илмӣ ва коркарди онҳоро таъмин менамояд. Риояи қонуният ва интизоми меҳнат, талаботи техникаи бехатарӣ, нигоҳдории тандурустӣ, истеҳсолӣ, таъмини бехатарии зиддисӯхторро назорат менамояд.
– оид ба мукаммалгардонии ташкили самти меҳнати кормандон ва сохтори муассисаи илмӣ, дар асоси истифодабарии системаи мутараққии идоракунӣ, методҳои таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо, дар амал ҷорӣ намудани истифодабарии технологияи ҳозиразамон, корҳои идоракунӣ ва таъмини сарфакорӣ барои таъмини дастгоҳи роҳбарикунанда назорат менамояд.
– рафти иҷроиши корҳоро оид ба сохтмон, таъмири асосӣ ва фондҳои асосиро мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ва сарфи маблағҳои сметавиро дар вақти муқаррарӣ роҳбарӣ менамояд.
– дар вақти муайяншуда аттестатсияи докторантон, докторант PhD, аспирантон ва магистрантонро мегузаронад.
– мунтазам барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони муассисаи илмӣ мувофиқи ихтисос ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба воситаи докторантура, докторантура PhD, аспирантура, унвонҷӯӣ ва магистратура чораҳои лозимӣ меандешад.
– барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва нигоҳдории саломатии кормандон шароит муҳайё менамояд.
– дар фаъолияти Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникӣ роҳбарӣ менамояд, ҳамзамон раиси Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникии муассисаи илмӣ ба ҳисоб меравад.
– сармуҳаррири маҷаллаи илмии муассиса мебошад ва аз болои чопи маводҳои маҷалла назорат мебарад ва масъул мебошад.
– директори муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад, амалӣ менамояд.
- Муовини директор оид ба илм ва таълими муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– дар вақти набудани директори муассисаи илмӣ дар асоси Оинномаи муассиса ба фаъолияти муассиса, аз ҷумла ба корҳои маъмурӣ, илмию ташкилӣ, илмию таҳқиқотӣ, озмоишӣ, техникӣ-конструкторӣ, экспедитсионӣ ва ғайра роҳбарӣ мекунад.
– аз болои масъалаҳои соҳавии илмӣ, илмию таҳқиқотии муассисаи илмӣ роҳбарӣ намуда, барои иҷроиши таҳқиқотҳои бунёдиву амалӣ ва коркарди илмии ба соҳаҳо мутобиқро ташкил менамояд.
– мақсад ва асосноккунии корҳои илмию таҳқиқотӣ, коркарди лоиҳаҳо, таҳқиқи корҳои илмӣ, муайян намудани дараҷа ва зарурияти гузаронидани онҳоро таъмин менамояд. Оид ба талабот ва меъёрҳои корҳои илмӣ, коркарди лоиҳаҳои перспективӣ ва нақшаҳои солона оид ба масъалаҳои илмии соҳавӣ, тартиб додани нақша, методика, сметаи иқтисодӣ ва шартномавӣ назорат мебарад.
– гузаронидани таҳқиқотҳои комплексии илмӣ ва коркарди соҳавии онҳоро ташкил мекунад. Иҷрои нақшаи мавзӯъҳои илмӣ, сатҳ ва сифати баланди корҳои илмӣ ва дар хоҷагии халқ истифода бурдани натиҷаҳои ба дастовардаро муаррифӣ мекунад.
– ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони илмии ба ӯ вобастаро иҷро менамояд. Дар фаъолияти онҳо истифодабарии дастовардҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, патент, шаҳодатнома ва маводҳои илмию ахборӣ, методҳои пешқадами иҷрои вазифа, мутобиқи коркарди лоиҳаҳо ва супоришҳои техникию стандартӣ ва дигар меъёрҳоро таъмин менамояд.
– ҳисоботҳои ҷамъбастии илмию техникӣ, нашри мавзӯъҳои илмӣ оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи таҷрибаҳо ба даст омадаанд ва навиштани тақризи онҳоро ташкил мекунад.
– тафтиши натиҷаи корҳои таҷрибавӣ ва коркарди онҳо, иҷроиши корҳое, ки бо ташкилотҳо шартномаи корӣ баста шудааст, инчунин иҷрои корҳои илмӣ ва методиро бо дигар муассисаҳо барқарор менамояд.
– тартиби интизоми меҳнатиро роҳбарӣ менамояд.
– барои инкишоф додани ташаббуси эҷодии кормандон шароит муҳайё мекунад. Оид ба дида баромадан ва дар амал ҷорӣ намудани пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ва ихтироъкорӣ роҳбарӣ менамояд. Барои ба расмият даровардани шаҳодатномаи муаллифӣ, ихтироъкорӣ ва патентҳо шароит фароҳам меорад.
– ҳангоми набудани директор дар гузаронидани Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникӣ роҳбарӣ менамояд ва дар иҷрои қарори Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникӣ назорат мебарад.
– оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани савияи дониши кадрҳои илмӣ кор мебарад. Омӯзиш ва дастурамалҳои илмиро дар зерсохторҳои институт назорат мебарад. Дар конференсияҳо, мизи мудаввар, машваратҳо, саволу ҷавобҳои илмӣ, хулоса ва тақриз навиштан ба коркардҳои илмие, ки бо мавзӯъҳои муассисаи илмӣ вобастагӣ доранд, иштирок менамояд.
– дар ҳалли масъалаҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва иҷрои чораҷӯиҳо оид ба таъмини лоиҳаи тасдиқшуда, кам намудан муҳлат ва маблағи корҳои илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмию таҳқиқотӣ роҳбарӣ ва фаъолона иштирок менамояд.
– аз болои омода намудани ҷадвали дарсӣ, гузаронидани дарсҳо ва супоридани имтиҳонҳои номзадӣ, фосилавӣ ва давлатии докторантон, докторант PhD, аспирантон ва магистрантон назорат мебарад.
– барои омода намудани маҷаллаи илмии муассисаи илмӣ масъул мебошад ва маводҳоро ба тақриз ирсол менамояд.
– муовини директор оид ба илм ва таълими муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Котиби илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– дар вақти гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ, таҷрибавӣ ва коркарди онҳо корҳои илмию ташкилиро назорат менамояд.
– дар муассисаи илмӣ оид ба тартиб додани лоиҳаҳои перспективӣ ва нақшаҳои кории мавзӯъҳои илмию таҳқиқотии солона, инчунин нақшаҳои кории шуъбаҳо, ки аз гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои ба даст оварда дар истеҳсолот иборат мебошад кор мебарад.
– дар муҳокима ва иҷрои масъалаҳои асосии фаъолияти муассисаи илмӣ иштирок менамояд, барои ба амал овардани чорабиниҳо оид ба иҷрои нақшаи корӣ, баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои онҳо дар амалия, ташкили меҳнат ва идоракунӣ, дар инкишоф ва такмил додани фаъолияти илмии кормандон иштирок менамояд.
– нақшаҳои кориро оид ба ҳамоҳангсозии эҷодӣ ва ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ ва бо олимоне, ки оид ба масъалаҳои дар муассисаи илмӣ мавҷуд буда вобастагӣ доранд, ташкил ва мураттаб месозад.
– корҳои нақшавии Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникӣ ва ходимони илмиро ташкил мекунад. Назорат бурдан оид ба иҷроиши нақшаи инфиродӣ, корӣ, омода намудани ҷавобҳо ба мактубҳои расмии ба муассисаи илмӣ ирсол гардида, инчунин пешниҳоди ҳисоботҳои фосилавӣ, солона, илмиро талаб ва иҷро менамояд.
– дар корҳои тартиб додани нақшаҳои нашрии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки натиҷаи корҳои илмӣ мебошанд иштирок мекунад. Корҳоро оид ба баланд бардоштани савияи дониши кормандони илмӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба воситаи докторантура, аспирантура, магистратура ва унвонҷӯӣ ташкил ва баррасӣ менамояд.
– рӯзнома ва маводи Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникиро барои ҷаласа тайёр ва пешниҳод менамояд. Ҳуҷҷатҳои ходимони илмӣ, докторантон, аспирантон ва унвонҷӯёнро оид ба гузаронидани озмунҳо, ҳимояи рисолаҳои илмӣ тайёр менамояд.
– дар омода намудани маҷаллаи илмии муассисаи илмӣ ва ирсол кардани мавод барои тақриз иштирок менамояд.
– котиби илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад, амалӣ менамояд.
- Мудири шуъба ва озмоишгоҳи муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– мудири шуъба ва озмоишгоҳ ба фаъолияти шуъба (озмоишгоҳ) роҳбарӣ намуда, барои гузаронидани корҳои илмии бунёдӣ, амалӣ, таҷрибавӣ ва озмоишӣ мутобиқи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд масъул мебошад.
– мудири шуъба (озмоишгоҳ) дар як сол корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар ҳаҷми 2 (ду) ҷузъи чопӣ ба анҷом мерасонад.
– оид ба коркарди нақшаи кории дурнамо ва солонаи шуъба (озмоишгоҳ) роҳбарӣ менамояд ва ба нақшаи корӣ дохил намудани корҳои илмию таҳқиқотии зарурӣ ва актуалии истеҳсолиро таъмин намуда, барои иҷрои мунтазами он назорат мебарад.
– мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъба (озмоишгоҳ), ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд муайян менамояд ва фаъолияти онҳоро ташкил ва ҳамоҳанг месозад.
– коркарди вазифаҳои техникӣ, методӣ, барномаи корӣ, асоснок намудани корҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва дигар маводҳои нақшавию методиро роҳбарӣ менамояд.
– иҷро намудани нақшаҳои кории мавзӯъҳо ва зина ба зина гузаронидани таҷрибаҳоро муқаррар намуда, иҷроиши самараноки таҷрибаҳоро назорат менамояд.
– вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро ташкил намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, гипотезаи корӣ, низомнома ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро кор карда мебарояд.
– дар кори инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, инчунин аз ҷиҳати илмӣ баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ ва ба натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо баҳо медиҳад.
– мунтазам корҳои ташкилӣ ва банақшагирии илмию таҳқиқотиро такмил дода, дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро истифода мебарад.
– барои тайёр намудани ҳисобот ва дигар мавод оид ба иҷрои таҷрибаҳо ва коркарди онҳо чораҳо меандешад, талаботи нормативии маводҳоро муҳокима ва таъмин менамояд.
– ба Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникӣ барномаҳои методӣ, нақшаҳои корӣ, ҳисобот, натиҷаҳои илмии ба даст оварда, мавзӯъҳои рисолаҳо ва дигар маводҳоро тайёр намуда, пешниҳод менамояд.
– оид ба таъмини базаи моддию техникии иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар шуъба (озмоишгоҳ) чораҳо меандешад.
– оид ба ба маводи лозимӣ, таҷҳизонидан ва корҳои таъмирии шуъба ба роҳбарияти муассисаи илмӣ дархост пешниҳод менамояд. Барои дуруст истифодабарии дастгоҳу таҷҳизотҳо, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва таъмиру таъмини саривақтии онҳо назорат мебарад.
– дар рафти гузаронидани озмоишҳо риояи талаботи техникаи бехатариро дар озмоишгоҳ таъмин менамояд.
– барои беҳтар намудани шароити меҳнат дар шуъба ё озмоишгоҳ чораҳо меандешад. Дар интихоби кадрҳои илмӣ ва ҷобаҷогузории онҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандон иштирок менамояд.
– барои ҳавасмандгардонӣ, рӯйхати кормандони пешқадамро ба роҳбарияти муассисаи илмӣ пешниҳод менамояд.
– дар тайёр намудан ва нашри корҳои илмӣ ва дигар маводи ахборотӣ оид ба натиҷаҳои ба даст оварда, роҳбарӣ менамояд.
– дастовардҳои илмиро бо баромадҳо, маърӯзаҳо, иттилооту ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ташвиқу тарғиб менамояд.
– дар корҳои экспертизаи илмӣ иштирок мекунад ва аз болои кормандони шуъба (озмоишгоҳ) роҳбарӣ менамояд.
– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон ва рисолаҳои аспирантон, докторантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад.
– ба магистрантон, докторантони PhD дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мегузарад.
– мудири шуъбаи (озмоишгоҳи) муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Сарходими илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– сарходими илмӣ барои гузаронидани корҳои илмии бунёдӣ, амалӣ, таҷрибавӣ ва озмоишӣ мутобиқи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иштирок менамояд ва ҳангоми набудани мудири шуъба (озмоишгоҳ) ба фаъолияти илмӣ-ташкилии шуъба (озмоишгоҳ) роҳбарӣ менамояд.
– сарходими илмӣ дар як сол дар ҳаҷми 4 (чор) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.
– дар коркарди нақшаи дурнамо ва солонаи шуъба (озмоишгоҳ) иштирок менамояд ва ба нақшаи корӣ дохил намудани корҳои илмию таҳқиқотии зарурӣ ва актуалии истеҳсолиро таъмин намуда, барои иҷрои мунтазами он кор мебарад.
– коркарди вазифаҳои техникӣ, методӣ, барномаи корӣ, силлабус, асоснок намудани корҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва дигар маводи нақшавию методӣ ба мудири шуъба (озмоишгоҳ) кӯмак мерасонад.
– вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро ташкил намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, гипотезаи корӣ, низомнома ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро кор карда мебарояд.
– дар инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ ва ба натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо баҳо медиҳад.
– мунтазам корҳои ташкилӣ ва банақшагирии илмию таҳқиқотиро такмил дода, дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро истифода мебарад.
– барои тайёр кардани кадрҳо (номзадҳо ва докторон) кӯшиш менамояд. Афзалияти натиҷаҳои ба даст овардаашро ҳимоя менамояд. Ҷорӣ намудани натиҷаи таҷрибаҳои амалӣ ва коркарди онро дар амал ташкил менамояд.
– дар тайёр намудан ва нашри корҳои илмӣ ва дигар маводҳои ахборотӣ оид ба натиҷаҳои ба даст оварда роҳбарӣ менамояд.
– дастовардҳои илмиро бо баромадҳо, маърӯза ва иттилоот таблиғ менамояд.
– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ дар васоити ахбори омма фаъолона иштирок менамояд.
– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон ва рисолаҳои аспирантон, докторантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад.
– ба магистрантон, докторантони PhD дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мегузарад.
– сарходими илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Ходими пешбари илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– ходими пешбари илмӣ мутобиқи мавзӯи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дар асоси нақшаи кории дурнамо ва солонаи шуъба (озмоишгоҳ) корҳои илмӣ- таҳқиқотиро пеш мебарад.
– ходими пешбари илмӣ дар як сол дар ҳаҷми аз 3 (се) то 4 (чор) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.
– мавзӯъҳои илмии фаъолияташро муайян менамояд ва фаъолияти онҳоро ташкил ва иҷро менамояд. Коркарди вазифаҳои техникӣ, методӣ, барномаи корӣ, асоснок намудани корҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва дигар маводи нақшавию методиро иҷро менамояд.
– иҷро намудани нақшаҳои кории мавзӯъҳои илмӣ ва зина ба зина гузаронидани таҷрибаҳоро муқаррар намуда, иҷроиши самараноки таҷрибаро мегузаронад.
– вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро муайян намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, гипотезаи корӣ, низомнома ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро асоснок менамояд.
– дар кори инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, инчунин аз ҷиҳати илмӣ баланд бардоштани сифати маҳсули илмӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ мегардонад.
– корҳои ташкилӣ ва банақшагирии илмию таҳқиқотиро такмил дода, дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро истифода мебарад.
– барои тезонидани амаликунонии натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи амалия, сатҳи баланди таҷрибаҳои иқтисодӣ-техникӣ, коркард ва самаранокии он, паст намудани арзиш ва меҳнатталабии корро ба ҷо меорад.
– барои тайёр намудани ҳисобот ва дигар маводи техникӣ оид ба иҷрои таҷрибаҳо ва коркарди онҳо чораҳо меандешад. Ба Шӯрои олимон, илмӣ, илмию техникӣ барномаҳои методӣ, нақшаҳои корӣ, ҳисоботҳо ва натиҷаҳои ба даст овардаи илмиро пешниҳод менамояд.
– ҷорӣ намудани натиҷаи таҷрибаҳои амалӣ ва коркарди онро дар амал ҷорӣ менамояд.
– оид ба таъмини базаи моддию техникии иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод менамояд. Бехатарии гузаронидани таҷрибаҳо, риояи қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, санитарияи истеҳсолӣ ва бехатарии сӯхторро назорат менамояд.
– дар тайёр намудани мутахассион-магистрантон, аспирантон, доктор PhD-аз рӯи ихтисос роҳбарӣ намуда, барои пешбурди корҳои илмии онҳо саҳмгузор бошад.
– барои тайёр намудан ва нашри корҳои илмӣ ва дигар маводи ахборотӣ оид ба натиҷаҳои ба даст оварда, маълумоти заруриро омода месозад. Дар корҳои экспертизаи илмӣ, семинару конфронсҳои илмӣ иштирок менамояд.
– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ аз васоити ахбори омма иштирок менамояд.
– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон ва рисолаҳои аспирантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад.
– ба магистрантон, докторантони PhD дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мегузарад.
– ходими пешбарӣ илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Ходими калони илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– таҳти роҳбарии иҷрокунандаи масъул ё ин ки роҳбари мавзӯъи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин дар гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ иштирок менамояд.
– ходими калони илмӣ дар як сол дар ҳаҷми 3 (се) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.
– ҷамъоварии маводи илмӣ ва коркарди он, таҳлил ва ба низомдарории маълумоти илмӣ ва пешниҳодҳои сифатан назарраси корҳои иҷрошуда (мутобиқи коркарди лоиҳаҳои стандартӣ), инчунин дастовардҳои ҳозиразамони илмиро иҷро мекунад.
– дар тартиб додани лоиҳа, схемаҳои гуногунҷабҳа, гузаронидани озмоишҳо, назорат аз рӯи асбобҳои санҷишӣ, ҷиҳозонидани озмоишгоҳ иштирок менамояд.
– гузаронидани озмоишҳои гуногуни илмиро ташкил намуда, натиҷаи онҳоро таҳлил менамояд. Дастовардҳои илмӣ ва иҷроиши коркарди онҳоро ташкил менамояд. Адабиётҳои махсус ва нашрияҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро меомӯзад ва аз методикаю дастовардҳои ба мавзӯъ мутобиқ истифода мебарад.
– оид ба ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои ба анҷом расида ва коркарди онҳо тақриз ва маълумот тайёр менамояд.
– дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ фаъолона иштирок менамояд. Дастовардҳои илмиро тарғибу ташвиқ менамояд. Дар омода намудани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, ихтироъкорӣ, инчунин дар баргузории семинар – конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию техникӣ ва ғайра иштирок менамояд. Оид ба корҳои илмӣ аз тарафи кормандони озмоишгоҳ иҷрошуда, ба мудири шуъба (озмоишгоҳ) ва роҳбарияти муассисаи илмӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ иштирок менамояд.
– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон ва рисолаҳои аспирантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад.
– ба магистрантон, докторантони PhD дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мегузарад.
– ходими калони илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Ходими илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– таҳти роҳбарии масъули мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва мутобиқи барномаи методии тасдиқшуда оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо иштирок менамояд.
– ходими илмӣ дар як сол дар ҳаҷми 2 (ду) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.
– ҳал намудани масъалаҳо оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, мақолаҳо, тақризҳо ва нашрияҳои иттилоотӣ, маводи илмиро омӯхта онҳоро мутобиқи дархост истифода мебарад. Рӯйхати манбаъҳои истифодашуда, хулосаҳо, маърӯзаҳо, ҳисоботи иттилоотиро тартиб дода ба қайд мегирад.
– дар коркарди методҳои таҷрибавӣ оид ба иҷроиши корҳо ва гузаронидани онҳо иштирок мекунад.
– корҳои меҳнатталаби озмоишӣ, ченкунӣ, ҳисобкунии таҳқиқотҳо, коркард, таҳлили он ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои ба дастовардаро иҷро менамояд. Дар тайёр намудани супориши техникӣ барои лоиҳа ва тайёр намудани маводи санҷишӣ-назоратӣ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои, асбобҳои озмоишӣ ва таҷҳизонидани озмоишгоҳ иштирок менамояд. Кори дастгоҳҳои таҷрибавиро тафтишу танзим медиҳад. Мутобиқи дастур дурустию бехатарии онҳоро назорат менамояд.
– оид ба тафтиши амалии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо кор мебарад, маводи ба даст овардаро ҷамъбаст ва таҳлил намуда, зимни дар амалия иҷро шудани онҳо ширкат меварзад.
– таҷрибаҳои ватанӣ ва хориҷиро меомӯзад, мунтазам савияи дониши худро баланд мебардорад ва ба ҳамкорон дар кори эҷодӣ кӯмак мерасонад.
– дар тайёр намудани ҳисобот, тақризнависӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ иштирок менамояд.
– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ ширкат менамояд.
– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон роҳбарӣ мекунад.
– ба магистрантон, дарсҳои амалӣ мегузарад.
– ходими илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Ходими хурди илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:
– корҳои илмӣ-таҳқиқотиро аз рӯи нақшаи инфиродӣ ва мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд иҷро мекунад.
– ходими илмӣ дар як сол дар ҳаҷми 1,5 (яку аз даҳ панҷ) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.
– дар асоси истифода бурдани дастовардҳои ҳозиразамони илмию техникӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи методологияи нави илмӣ ва дараҷаи баланди илмиро таъмин менамояд. Дар амал ҷорӣ намудани корҳои таҷрибавӣ ва коркарди самараноки онҳоро таъмин менамояд.
– корҳои илмию таҳқиқотиро ҳамчун роҳбар ё ин ки мутасаддии мавзӯъ, дар ҳамаи зинаҳо, аз тартиб додани барномаи методӣ оид ба коркарди мавзӯъ то ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар амалия ширкат менамояд.
– фарзияи илмиро тавсия ва коркард намуда ба равияҳо асоснок менамояд, иҷро ва мақсади таҳқиқотҳо, методҳои гузаронидани онҳо, инчунин тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозимии нақшавӣ ва техникиро ташкил менамояд.
– ахбороти илмию техникиро меомӯзад, масъалаҳои таҷрибавӣ ё коркардҳои гузаронидашударо ҷамъбаст менамояд.
– оид ба хоста гирифтани хулосаҳои прогрессивӣ, сарфакорона истифодабарии масъалаҳои илмию техникиро тайёр ва пешниҳод менамояд.
– дар гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ иштирок намуда, масъалаҳои мушкили принсипиалиро оид ба мавзӯъҳо ҳал менамояд.
– оид ба иҷрои корҳои илмӣ, дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои ҳамкор, мутобиқат менамояд ва дар тайёр намудани натиҷаҳои корҳои иҷрошуда иштирок менамояд.
– дар тафтиши натиҷаи корҳои эксперименталии илмию таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо, иҷрои супоришҳои техникӣ оид ба таҷҳизонидан ва ҷо ба ҷо гузоштани онҳо роҳбарӣ менамояд. Дар рафти лоиҳакашии таҷҳизонидани ҷои корҳои илмию таҳқиқотӣ санҷишу назорат менамояд.
– оид ба гузаронидани таҷрибаҳо, ҷамъбаст ва ба низомдарории натиҷаи тафтишоти таҷрибавӣ ва ҳоказо шароит муҳайё менамояд.
– дар хоҷагии халқ истифода бурдани натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва коркарди онҳоро ташкил менамояд, назорати муаллифӣ ва расонидани ёрии техникиро дар вақти истифодабарии он амалӣ мегардонад.
– нашри корҳои илмӣ ва дигар маълумотро оид ба натиҷаҳои корҳои ба охир расидаи илмӣ, омода менамояд. Ба кормандони озмоишгоҳ кӯмак ва барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо ёрӣ мерасонад.
– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ дар васоити ахбори омма иштирок менамояд.
– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон роҳбарӣ мекунад.
– ба магистрантон дарсҳои амалӣ мегузарад.
– ходими хурди илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Докторант, аспирант, докторант PhD, унвонҷӯён ва магистрант вазифадор аст:
– дар асоси нақшаи кории инфиродӣ корҳои илмиро пеш мебарад. Таҳти роҳбарии иҷрокунандаи масъул ё ин ки роҳбари мавзӯъ, дар гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ё дар иҷрои корҳои илмию техникӣ иштирок менамояд.
– ҷамъоварии маводи илмӣ ва коркарди он, таҳлилу ба системадарории маълумоти илмию техникӣ ва пешниҳодҳои сифатан назарраси корҳои иҷрошуда (мутобиқи коркарди лоиҳаҳои стандартӣ), инчунин дастовардҳои ҳозиразамони илмию технологиро иҷро менамояд.
– дар гузаронидани озмоишҳои гуногуни илмӣ ширкат варзида, натиҷаи онҳоро таҳлил менамояд. Дастовардҳои илмию техникӣ ва иҷроиши коркарди онҳоро ташкил менамояд. Адабиётҳои махсус ва нашрияҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро меомӯзад ва аз методикаю дастовардҳои илмии ба мавзӯъ мутобиқ истифода мебарад.
– оид ба ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои ба итмомрасида ва коркарди онҳо ҳисобот омода менамояд.
– дастовардҳои илмию техникиро таблиғот менамояд. Дар омода ба чоп тайёр кардани мақола, ихтироъкорӣ, инчунин дар рафти семинарҳо, конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию техникӣ иштирок менамояд.
– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботи иштирок менамояд.
– докторант, аспирант, докторант PhD, унвонҷӯён ва магистранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Лаборанти калон (бо маълумоти олӣ) вазифадор аст:
– оид ба корҳои лабораторӣ – озмоиши маводҳо, ченкунӣ, ҳисобкунӣ, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ, таҳлил ва коркарди корҳои лабораториро иҷро назорат менамояд.
– дар корҳои ҷамъ овардани мавод, коркарди онҳо дар рафти таҷрибаомӯзӣ иштирок ва назорат менамояд. Оиди дуруст будани ҳолати асбобҳои лабораторӣ, ба кор омода намудан ва танзим додани онҳоро иҷро менамояд. Оид ба бехатарии онҳо назорат мебарад. Дар вақти гузаронидани корҳои озмоишӣ, санҷиши асбобҳо, дастгоҳҳои заруриро танзим ва реактивҳои кимиёвиро омода менамояд. Дар иҷро намудани озмоиши лабораторӣ иштирок ва натиҷаи корҳои таҷрибавиро мутобиқи дастурҳои таҳлилӣ ва оиди сабт намудани қайди натиҷаҳо ба дафтари қайд назорат мебарад.
– аз адабиётҳо, матбуоти даврӣ ва дастурҳо истифода бурда дастуру нишондодҳои лозимиро ба худ қайд мекунад, донишашро доимо такмил медиҳад.
– дар тоза нигоҳ доштани озмоишгоҳ ва ба ҳолати санитарии он назорат мебарад.
– лаборанти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Лаборант (бе маълумоти олӣ) вазифадор аст:
– оид ба корҳои лабораторӣ – озмоиши маводҳо, ченкунӣ, ҳисобкунӣ, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ ва коркарди корҳои лабораториро иҷро менамояд.
– дар корҳои ҷамъ овардани мавод, коркарди онҳо дар рафти таҷрибаомӯзӣ ба лаборанти калон ёрӣ мерасонад. Оиди дуруст будани ҳолати асбобҳои лабораторӣ, ба кор омода намудан ва ба танзим даровардани онҳоро иҷро менамояд. Оид ба бехатарии онҳо назорат мебарад. Дар вақти гузаронидани корҳои озмоишӣ, санҷиши асбобҳо, дастгоҳҳоро танзим ва реактивҳои кимиёвии лозимиро тайёр менамояд. Дар иҷро намудани озмоиши лабораторӣ иштирок ва натиҷаи корҳои таҷрибавиро мутобиқи дастурҳои таҳлилӣ кор карда ба дафтари қайди натиҷаҳо сабт мекунад.
– дар тоза нигоҳ доштани ҳолати санитарии озмоишгоҳ ва ҳуҷраи кориаш саҳм мегузорад.
– лаборанти муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Лаборант вазифадор аст:
– корҳои лабораторӣ-озмоиши маводҳо, ченкунӣ, ҳисобкунӣ, гузаронидани таҷрибаҳои илмиро иҷро менамояд.
– дар корҳои ҷамъ овардани мавод, коркарди онҳо дар рафти таҷрибаомӯзӣ иштирок мекунад. Ҳолати санитарии озмоишгоҳро ё ҳуҷраи кориро доимо тоза нигоҳ медорад, асбобу анҷоми лозимии кориро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад. Натиҷаи кори озмоиширо ба дафтари қайд мегузаронад. Ҳангоми баромадан хомӯшкунии асбобҳои барқӣ ва чароғро доимо назорат мекунад ва ба посбони бино месупорад.
– лаборанти муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Мутахассиси кадрӣ вазифадор аст:
– назорати кадрҳои роҳбарикунанда, мутахассисон, кормандони техникӣ ва кадрҳое, ки корҳои илмию таҳқиқотиро дар муассисаи илмӣ бурда истодаанд.
– қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ба кор қабул кардан, ба таври қарордоди меҳнатӣ, аз як кор ба кори дигар гузаронидан, ба кор қабул ва аз кор озод кардан ва ғайра (иҷрои масъалаҳо, танҳо дар мувофиқа ва хулосаи роҳбари муассиса сурат мегирад).
– дар вақти муайян қабул кардан, аз як кор ба кори дигар гузаронидан ва аз кор озод кардан мувофиқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодабарии Низомномаҳо, Қоидаҳо, Дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии роҳбарикунанда, ки ба корҳои кадрӣ алоқамандӣ дорад, сурат мегирад.
– дар асоси пешниҳоду гузориши мудири шуъба (озмоишгоҳ), ки дар мувофиқа бо роҳбари муассиса ва дар аснои имзои роҳбар ба мутахассиси кадрӣ пешниҳод карда мешавад, фармони кормандон интишор мегардад.
– таҳти назорат гирифтани масъалаи рафтани мутахассисон ба сафарҳои хизматӣ, бозомӯзӣ, иштирок намудан дар кори конфронсу симпозиумҳо, ки бо пешниҳоду гузориши мудири шуъба (озмоишгоҳ) сурат мегирад.
– интишори фармон ва зери назорати қатъӣ гирифтани масъалаи навбатдорӣ дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид.
– ташкил намудан, ба қайд гирифтани ҳайати кормандон ва нигоҳдории мавод (парвандаи шахсии онҳо, дафтарчаи меҳнатӣ, фармонҳои интишорӣ доир ба кормандон) тибқи мӯҳлати муайян барои кадрҳо, додани маълумот доир ба фаъолияти ҳозира ва гузаштаи кормандон, инчунин омода намудани мавод барои пешбарӣ намудани кормандон барои мукофотонидан.
– дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касаба омода намудани мавод барои таъин намудани нафақаиормандон ё ин ки барои оилаи онҳо ва маводи заруриро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудан.
– ҳамеша дар мадди назар доштан ва омӯхтани фаъолияти илмӣ ва қобилиятнокии мутахассисон барои пешбарӣ намудан ба ҷойи холӣ, ё ҳамчун захираи кадрӣ барои пешниҳод намудан ба мақомоти роҳбарикунанда.
– иштирок намудан дар ташкилу гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони ҷавони кадрӣ, дида баромадан ва хулосабарорӣ намудани кори комиссия доир ба омода намудани маводи кадрӣ.
– ҳамкорӣ намудан бо институтҳои илмию таҳқиқотӣ, мактабҳои олӣ ташкилоту идораҳои дахлдор доир ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои соҳавӣ ва бозомӯзии онҳо.
– омӯхтани масъалаи аз кор рафтани мутахассисон ва муайян намудани сабаби онҳо.
– назоратӣ ба кор омадану рафтани кормандон ва нигоҳдории қоидаи дохилии кор дар ҳудуди муассиса.
– таъмин ва муайян намудани муҳлати ба рухсати меҳнатӣ рафтани кормандон.
– мутахассиси кадрии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Сармуҳосиб вазифадор аст
– ба кори муҳосиботи муассисаи илмӣ роҳбарӣ мекунад.
– таҳияи журналҳо ва ордерҳои 1.2.3.6.7.10-ро ҳармоҳа, инчунин китоби асосӣ, инчунин тавозунҳоро нисбат ба муассисаи илмӣ тартиб медиҳад.
– қабул намудани ҳуҷҷатҳо ва кор карда баромадани ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ оид ба воридоту хароҷоти маблағҳо таъмин менамояд;
– тафтиши ҳисоботҳоро бо дебиторҳою кредиторҳо дар бобати ҳисобҳои тавозунӣ ва супоришҳои пардохтшавандаро доир ба хазинадори бонки давлатӣ ва муқоисавиро бо Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ мегузаронад;
– супоришҳои пардохтшавандаро тибқи дархости шуъбаҳо таҳия намуда, муқоиса ва тарҳкаширо мутобиқи нақшаҳо, сметаҳо КИТ ҳармоҳа кор карда мебарояд;
– фармоишотро доир ба мавзӯъҳои КИТ ва ҳисоботро доир ба истифодаи воситаҳо ба хазинадорӣ пешниҳод менамояд;
– доир ба меҳнат, шумораи кормандон, инчунин дигар ҳисоботҳои оморӣ ҳисобот таҳия мекунад;
– доир ба муассисаи илмӣ нақша ва нақшаи хароҷот доир ба буҷа (дар семоҳа) тартиб медиҳад;
– ба таъминоти моддию техникии корҳои муассисаи илмӣ кӯмак мерасонад;
– тафтиши молиявии муассисаи илмиро амалӣ менамояд;
– дар омода намудани маводҳои ҳисоботию ахборӣ ба роҳбарияти АИ ҶТ, Вазорати молия дастрас намудани онҳо ва ҳалли масъалаҳои ташкилӣ иштирок менамояд.
– нишондодҳои ташхисиро дар бобати маблағгузорӣ намудани КИТ тибқи мавзӯъҳо барои озмоишгоҳҳои муассисаи илмӣ ташаккул медиҳад;
– тақсимоти ҳаҷми маблағгузориро ба КИТ татбиқ менамояд;
– шаклҳои ҷамъбастиро ба таври том, тибқи низоми ИБФГР тартиб медиҳад;- аз болои истифодабарии воқеии воситаҳои молиявию пулӣ дар бобати КИТ назоратро амалӣ менамояд;
– назоратро аз болои ҷадвали воҳидҳои корӣ дар шуъбаҳо ва пардохти дурусти музди меҳнатро татбиқ менамояд;
– таҳия ва татбиқи ба ҳисобгирӣ ва ба нақшагирии одии ҳуҷҷатҳоро ба уҳда дорад;
– таҳияи нақшаи пешгӯӣ ва ҷории тайёр кардани маводи зарурӣ барои корҳои ҷамъбастии муассисаи илмӣ;
– сарфабарии дуруст ва пурраи маблағҳо, иҷроиши нишондиҳандаҳои молиявиро дар муассисаи илмӣ назорат менамояд;
– сармуҳосиби муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Муҳосиб-ҳисобдор вазифадор аст:
– музди меҳнатро ҳисоб карда табели баҳисобгирии истифодаи вақти кории кормандон, муқоиса намудани қайдҳо дар бораи ба кор қабул кардан, рухсатии меҳнатӣ додан, аз кор озод намудан ва ҷойивазкунии кормандонро тибқи вазифаашон тартиб медиҳад;
– аз дуруст гирифтани андози даромади ФҲИА (ФСЗН), саҳмгузориҳо ба Иттифоқи касаба назорат мебарад;
– ведомостҳои ҳармоҳаи ҷамъбастӣ ва муқоисавии онҳоро бо Китоби асосӣ таҳия мекунад;
-рӯйхати кормандонро доир ба ФҲИА тартиб дода, чоп мекунад;
– супоришҳои пардохтиро доир ба шуъбаҳои ИБФГР, ФҲИА, андоз аз даромад ва ҳоказоро ташкил мекунад;
– нақшаи обуна ба маҷалаю рӯзномаҳоро тартиб дода, иҷроиши онҳоро амалӣ мегардонад.
– муҳосиб-ҳисобдори муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.
- Мудири хоҷагӣ вазифадор аст:
– ба корҳои санитарӣ, сантехникӣ, зиддисӯхтор, рӯшноидиҳӣ, гармидиҳӣ, таъмини об, барқ, гармдиҳӣ ва ғайра дар ҳудуди ҳуҷраҳои корӣ ва ҳудудҳои таҷрибавии муассисаи илмӣ мутасаддӣ аст;
– кори фаррошон, кормандони хоҷагӣ, боғбон,барқчӣ ва дигар хизматчиёни техникиро ба танзим медарорад, тозагии ҷойҳои кориро назорат менамояд;
– тақсими маводи аз анбор гирифтаро иҷро намуда ва сарфи мақсаднокии онҳоро таъмин ва назорат менамояд;
– кори устоҳои компютерро назорат намуда, қисмҳои чопкунӣ ва дастгоҳҳои нусхабардории онҳоро бо ранг таъмин мекунад;
– ҳолати нигоҳдории молу амволи ҳуҷраҳҳои кории муассисаи илмиро назорат менамояд.
– гузаронидани ҳашарҳои оммавӣва шанбегиҳоро дар муассисаи илмӣ ташкил мекунад.
Эзоҳ:
- Як ҷузъи чопӣ ба 40000 аломат бо дарназардошти фосилаҳо баробар мебошад.
- Муассисаи илмӣ вобаста аз хусусияти самти илм ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқоти мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар вазифаҳоро дар дастурамали муассисаи илмии худ пешбинӣ намояд.
- Роҳбарияти муассисаи илмӣ бояд ҳар як корманди худро бо Дастурамали вазифавӣ шинос кунад ва дар Дафтари махсус имзо гирифта шавад.