Бо Фармоиши директори
МДИ «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
аз 02.01.2019 № 13
тасдиқ шудааст

 

 

  1. Муқарароти умумӣ
  • Муовини директор оид ба масъалаҳои умумии Марказ аз тарафи директори Марказ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
  • Ба вазифаи Муовини директор оид ба масъалаҳои умумии шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ё маълумоте, ки ба он баробар арзиш дониста мешавад ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол дошта бошад.
  1. Муовини директор оид ба масъалаҳои умумии Марказ

  2.1 Ба корҳои санитарӣ, сантехникӣ, зиддисӯхтор, рӯшноидиҳӣ, гармидиҳӣ, таъмини об, барқ, гармдиҳӣ ва ғайра дар ҳудуди ҳуҷраҳои корӣ ва ҳудудҳои таҷрибавии муассисаи илмӣ мутасаддӣ аст;

 2.2 Кори фаррошон, кормандони хоҷагӣ, боғбон,барқчӣ ва дигар хизматчиёни техникиро ба танзим медарорад, тозагии ҷойҳои кориро назорат менамояд;

 2.3 Тақсими маводи аз анбор гирифтаро иҷро намуда ва сарфи мақсаднокии онҳоро таъмин ва назорат менамояд;

 2.4  Кори устоҳои компютерро назорат намуда, қисмҳои чопкунӣ ва дастгоҳҳои нусхабардории онҳоро бо ранг таъмин мекунад;

2.5     Ҳолати нигоҳдории молу амволи ҳуҷраҳҳои кории муассисаи илмиро назорат менамояд.

 2.6   Гузаронидани ҳашарҳои оммавӣ ва шанбегиҳоро дар муассисаи илмӣ ташкил мекунад.