«Тасдиқ мекунам»
Директори Муассисаи давлатии
илмии «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
 аз «__» ________соли 2020
____________А. Қаюмов

 

 

  1. Муқарароти умумӣ
  • Мудири шуъбаи Мониторинги пиряхҳо криосфера, глятсиология ва ГИС-технологияи Марказ аз тарафи директори Марказ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
  • Ба вазифаи мудири шуъба шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ё маълумоте, ки ба он баробар арзиш дониста мешавад ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол дошта бошад.
  1. Мудири шуъбаи Мониторинги пиряхҳо криосфера, глятсиология ва ГИС-технологияи Марказ.
  • Мудири шуъба ба фаъолияти шуъба роҳбарӣ намуда, барои гузаронидани корҳои илмии бунёдӣ, амалӣ, таҷрибавӣ ва озмоишӣ мутобиқи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд масъул мебошад.

     2.2   Мудири шуъба дар як сол корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар ҳаҷми 2 (ду) ҷузъи чопӣ ба анҷом мерасонад.

     2.3 Оид ба коркарди нақшаи кории дурнамо ва солонаи шуъба роҳбарӣ менамояд ва ба нақшаи корӣ дохил намудани корҳои илмию таҳқиқотии зарурӣ ва актуалии истеҳсолиро таъмин намуда, барои иҷрои мунтазами он назорат мебарад.

     2.4  Дар кори инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, инчунин аз ҷиҳати илмӣ баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ ва ба натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо баҳо медиҳад.

   2.5 Барои беҳтар намудани шароити меҳнат дар шуъба чораҳо меандешад. Дар интихоби кадрҳои илмӣ ва ҷобаҷогузории онҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандон иштирок менамояд.

   2.6 Барои ҳавасмандгардонӣ, рӯйхати кормандони пешқадамро ба роҳбарияти муассисаи илмӣ пешниҳод менамояд.

  2.7  Нақшаи кори кормандони  шуъбаро дар мувофиқа бо директори Марказ тасдиқ намояд.

  2.8   Ҳисоботҳои нимсола ва солонаи кори кормандони шуъбаро қабул намуда аз рафти фаъолияти кории онҳо бохабар шавад.

Мудири шӯъба                                                        Х. Кабутов