1. Муқарароти умумӣ
  • Ходими пешбари илмии аз тарафи директори Марказ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
  • Ба вазифаи Ходими пешбари илмии шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ё маълумоте, ки ба он баробар арзиш дониста мешавад ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол дошта бошад.
  1.   Ходими пешбари илмии

2.1 Ходими пешбари илмӣ мутобиқи мавзӯи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дар асоси нақшаи кории дурнамо ва солонаи шуъба корҳои илмӣ- таҳқиқотиро пеш мебарад.

2.2 Ходими пешбари илмӣ дар як сол дар ҳаҷми  аз 3 (се) то 4 (чор) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом расонад.

2.3 Мавзӯъҳои илмии фаъолияташро муайян менамояд ва фаъолияти онҳоро ташкил ва иҷро менамояд. Коркарди вазифаҳои методӣ, барномаи корӣ, асоснок намудани корҳои илмию омавӣ ва дигар маводи нақшавию методиро иҷро менамояд.

2.4 Таҳия ва омода намудани нақшаи корӣ ва марҳила ба марҳила ҳалу фасл намудани он.

2.5 Вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро муайян намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, нақшаи корӣ, ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро асоснок намояд.

2.6 Робитаҳои иттилооти бо васоити ахбори ома, нашрияҳои ҷумҳурияви ва байналмилалӣ, шабакаҳои интернетиро густариши бахшад.

2.7   Муарифи намудани дастовардҳои илмию ихтирооти  Марказро дар сатҳи ҷумҳурияви ва байналмилалӣ.

2.8  Ҳамкориҳои дучонибаро марбут ба соҳаи пиряхшиноси бо давлатҳои хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмиллалӣ оҳандози намояд.

2.9     Пешниҳод оид ба натиҷаи фаъолияти илмии 6- моҳа ва солона ба мудири шуъба.

 

 

Ходими пешбари илмӣ                                                            Б. Разиқов