Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №52 таъсис дода шудааст. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар ташкилотҳо ва сохторҳои хориҷӣ дар чунин бахшҳо анҷом медиҳад:

– таҳияи таҳқиқотҳои илмӣ-бунёдӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим;

– таҳияи системаи баруйхатгирии пиряхҳои Тоҷикистон мутобиқи феҳристи пиряхҳо дар асоси технологияи геоинформатсионии муосир;

– омӯзиш ва ташкили таҳқиқоти бунёдии илмӣ дар бахши тағйирёбии иқлим ва омилҳои он;

-мониторинги экспедитсионии пиряхҳои репрезентативӣ ва ҳаракаткунанда;

– мониторинг оид ба кам кардани хисорот аз кандашавии пиряхҳо ва ҳавзҳои яхин;

– такмили низоми мониторинги моҳворагӣ ва арзёбии қабати барфу пиряхҳо ва ҳавзҳои яхини хавфнок;

– ташкил кардани шабакаи яхшиносии назоратӣ;

– пурра ба роҳ мондани назорати криосфера ва қабати барф;

– ташкили қабул ва таҳлили иттилооти моҳворагӣ барои баланд бардоштани саҳеҳӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқоти бунёдии ҳолати криосфера, захираҳои барф ва назорати ҷараёни шаклгирии захираҳои обӣ пиряхҳо ва гидрометеорология;

– татбиқи усулҳои муосири иноватсионӣ дар бахши мониторинги пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология;

– баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон ва тайёр намудани кадрҳо;

– иҷрои лоиҳаҳо, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла бо ташкилотҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба;