Бо фармоиши директори
МДИ “Маркази омӯзиши
пиряхҳои АМИТ”
профессор Қаюмов А.
НИЗОМНОМАИ
ШӮЪБАИ ИТТИЛЛООТ, РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ВА ЛОИҲАҲРИ ИНВЕСТИТСИОНӢ
Шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон №52 аз 27 апрели соли 2020 дар сохтори нави Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.
1.Муқаррароти умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур сохтор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», муайян намуда, барои таҳия ва тадбиқи вазифаҳои дар наздашгузошташуда масъул ва ӯҳдадор мебошад.
1.2. Шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ воҳиди сохтори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.
1.3. Идора ва роҳбарии шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба зиммаи мудири шуъба вогузор мегардад.
1.4. Шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, фаъолият намуда, фармоишҳои директори Марказ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ки муносибатҳоро марбут ба шуъбаи « Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба танзим медарорад ва ба роҳбарӣ мегирад.
1.5. Шуъба нақшаи худро оид ба корҳои шартномавӣ ва оид ба корҳои супоришҳои давлатӣ бо розигии муассис тартиб медиҳад.
2. Сохтори Шуъба
2.1. Сохтор ва шумораи воҳидҳои кории Шуъбаи “Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.
2.2. Шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо назардошти вазифаҳои дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» истода, ташкил карда шудааст. Шумораи воҳиди кории шуъбаи Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии тибқи ҷадвали басти корӣ аз 5 нафар иборат мебошад, аз он ҷумла: Мудири шуъба, 1 Ходими пешбари илмӣ 1; Ходими илмӣ 1 мутахассис, 1, тарҷумон
2.3. Мудири шуъбаи “Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ” бо фармоиши директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2.4. Ба вазифаи мудири шуъбаи « Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ» шахсе таъин карда мешавад, ки дорои собиқаи кории на камтар аз ду сол ва ё собиқаи корӣ аз рўи ихтисос на камтар аз се сола дошта бошад.
3. Вазифаҳои шуъба
3.1. Иҷро намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дастуру супоришҳое ки аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва директори Муассиса.
3.2. Шуъба масъалаҳои заминавӣ ва амалии вобаста ба таҳия ва истифодабарии усулҳо ва технологияҳои муосири фосилавиро иҷро мекунад:
3.3.Фароҳамоварии маводҳои илмӣ, таҳлилӣ, дастовардҳои илмии муҳаққиқони ҷавони Марказ ва нашру интишори онҳоро дар маҷаллаҳои илмии кишвар ва хориҷи он, ҳамзамон тавассути ВАО ба роҳ мемонад.
3.4. Амалӣ намудани робитаи шуъба оид ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ бо марказҳои бурунмарзии пиряхшиносӣ, глятсиология ва криосфера
3.5. Густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои омузиши пиряхҳо, глятсиология ва криосфера
3.6. Ҷалби олимону ходимони илмии Марказ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ
4. Самтҳои асосии фаъолияти шуъба
4.1 Иштирок ва баромад дар барномаи телевизионии “Илм ва табиат”
4.2. Ташкил ва таъсиси сайти Марказ бо номи “Пиряхшинос”
4.3. Тайёр кардани мақолаҳоии лмӣ ва маводҳои таҳлилӣ
4.4. Гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, машваратӣ, таҷрибавию конструкторӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва дигар корҳо дар соҳаи ташкили системаҳои тақсимшудаи иттилоот, ки асосан ба мониторинги моҳворагӣ, барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалӣ нигаронида шудаанд;
4.5. Таҳия ва коркарди лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар
4.6. Мусоидат бобати ҷалби сармояҳои хоричӣ ба Марказ .
4.7. Тарбия ва таълими мутахассисон (асосан донишҷӯён, магистрантон ва аспирантҳо) оид ба самтҳои фаъолияти шуъба;
4.8. Иштирок дар таҳия ва баргузоркунии конфронсҳо ва семинарҳоивобаста ба мавзӯи шуъба;
4.9. Иштирок дар семинарҳо, мулоқотҳо ва конфронсҳои Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
5. Ҳуқуқҳои Шуъба
5.1. Аз кормандони шуъба оид ба масъалаҳое, ки бо салоҳияташон дохиланд, маълумот талаб намоянд.
5.2. Бо тартиби муқарраршуда маҷлисҳо ва семинарҳо баргузор намояд, инчунин дар маҷлисҳое, ки директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон» ва роҳбарони дигар сохторҳои он дар масъалаҳои Марказ мегузаронанд, иштирок намояд.
5.3. Аз кормандони шуъба ҳисоботи муқарраргардида, маълумот ва маводҳоеро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи шуъбаи « Иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ» гузошташуда бармеояд, талаб намояд.
5.4. Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони шуъба санҷиш гузаронида ва номзадҳоро барои бозомӯзи касб пешниҳод намояд.