Бугургон гуфтаанд: Забони ҳар миллат муаррифгари ҷомеа аст. Дар ҳақиқат ин забон аст, ки таърихи пурғановати ҳар миллату халқиятҳоро то ба имрӯз иншо намудаву ба мо расонидааст ва ба воситаи забон мо инсонҳо ҳамдигарро шинохтаву эҳсосотҳоямонро иброз медорем.

Бахшида ба ҳамин мавзӯъ имрӯз санаи 05.10.2022 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ва ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ворисони Рӯдакӣ”  конфронси илмӣ-амалӣ  таҳти унвони “Пешвои миллат-ҳомии забон” доир гардид.

Дар  ҳамоиш аҳли кормандони институтҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, оиди мавзӯъ ва алоқаи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи кунунии забони давлатӣ баромад намуд. Зимни суханронӣ қайд намуд, ки таваҷҷӯҳ ва чораҷӯйиҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба эътидол овардани забони давлатӣ ниҳоят бузург буда, маҳз бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат нуфузи забони давлатӣ торафт меафзояд.

Сипас Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъ ва ба эътидоловарии вижагиҳои забонӣ баромад намуд. Баъдан олимони  дигари забоншинос бобати  имлои забони тоҷикӣ музокира намуданд.

Дар фарҷом гуруҳи санъаткорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо барномаи консертӣ хотири ҳозиринро болида намуданд.